Тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2025 дар мусобиқаи дӯстонаи “Ҷоми истиқлоли Индонезия” иштирок мекунад. Ин мусобиқа аз 12 то 18-уми август дар шаҳри Медан баргузор мешавад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи кишвар, наврасони тоҷик дар мусобиқаи мазкур бо мунтахабҳои наврасони Индонезия 12-уми август, Малӣ 15-уми август ва Ӯзбекистон 18-уми август рақобат мекунанд.
Хотирасон мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон (U-17) аз 3 то 27-уми ноябр дар Ҷоми ҷаҳон миёни наврасон, ки дар Қатар баргузор мешавад, иштирок мекунад. Дар ин мусобиқа миллипӯшони навраси тоҷик дар гурӯҳи “I” бо тимҳои миллии навҷавонони Амрико, Буркина-Фасо ва Ҷумҳурии Чехия мубориза хоҳанд бурд.