Arzon march 2024
МУҲОҶИРАТ ИКРОМРО МАЮБ КАРДУ ОИЛАШРО МУҲТОҶУ БЕНАВО (ВИДЕО)
02.04.2021
Р. Азимӣ
1118
МУҲОҶИРАТ ИКРОМРО МАЮБ КАРДУ ОИЛАШРО МУҲТОҶУ БЕНАВО (ВИДЕО)

Дар ин хонаи лойин, ки ба назар бому фарш надорад, ду оила бо ҳамроҳи зану фарзандонашон умр ба сар мебаранд. Муроҷиати як сокини деҳаи Ҳаёти нави ноҳияи Рудакӣ моро ба ин мавзеъ овард.

Вақте вориди ин хонадон гаштем, боварамон наомад, ки инҷо одам умр басар мебарад. Чунки ба назар хеле вайрона ва наобод ба чашмамон намудор гашт. Каҳрамони навбати мо Икром ном дошта, ҳамаги 34 сол дорад. Ӯ қатори ҳазорон муҳоҷири тоҷик як сол пеш барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ роҳи Русияропеш гирифт, вале муддате пас дарди ҷонкоҳе дар пойҳояш пайдо гашта, Икромро аз роҳ гаштан маҳрум намуд. Ин муҳоҷири тоҷик ният дошт пул кор карда, ба ватан бар мегардад ва хонаву дари замонави сохта, зиндагии ширинро бо зану фарзандаш оғоз мекунад, аммо тақдири номард орзуҳои дили ин мухоҷирбачаи тоҷикро дар як лаҳза барбод дод. Икром ҳоло дар шаҳри Нижи Навгороди Русия дар як фабрикаи мургпарварӣ рӯйи ҷойгохи беморӣ хоб аст. Духтурон фавран ҷароҳи намудани захми пояшро амр кардаанд, вале ин ғариббачаи тоҷик дар мулки бегона ба як тини пучак зор ва дастнигори атрофиёнаш шуда мондааст.

Писари ягонааш Исломиддин, ки 5 сол умр дорад, аз дарди ҷонкоҳи ба қавле «грижа» азият мекашад. Модари зору ҳайрон маблағе намеёбад, ки писари ягонаашро ба духтур барад ва саломатии ҷигарбандашро барқарор созад, аммо… Ҳарборе ин тифли кӯчак дадаҷонам кай меояд мегӯяд дили Давлатнисо аз тапидан боз мемонад. Давлатнисоро яксу ғами шавҳари дарманд ва аз сӯйи дигар бемории писарчаи ягонааш ҷигархун сохтааст. Мо боварии комил дорем,ки баьд аз тамошои ин навор хайрхоҳон, саховатмандон ва умуман нафароне, ки дасти сахо доранд, нисбати сарнавишти ин муҳоҷири тоҷик ва оилаи ӯ бетарафи зоҳир накарда, кӯмаки хешро сӯйи эшон дароз хоҳанд кард.

НАФАРОНЕ, КИ БА ИКРОМҶОН СИДИҚОВ КӮМАК КАРДАН МЕХОҲАНД, БА РАҚАМҲОИ 896-018-010-88 ЗАНГ ЗАНАНД Ё БА РАҚАМҲОИ КОРТИ : 5228600502966742 (СБЕРБАНК) 5058270361042707 (ДУШАНБЕ СИТИ) БО РАКАМИ 904-13-22-33 ПАЙВАСТ АСТ, ХАЙРИЯИ ХУДРО ИРСОЛ НАМОЯНД!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД