sebiston july new
Муҳоҷират хонаи очаат нест!
1371


Ассалому алайкум хонандаҳои азиз. Ман як муҳоҷирам. Вақтҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ баъзе занҳо даъво мекунанд, ки мардҳо ба муҳоҷират рафта, занҳои худро фаромӯш мекунанд.

Оиди ин масьала мехоҳам каме андешаи худро изҳор намоям. Ба андешаи ман муҳоҷират имрӯз бояд вуҷуд дошта бошад. Барои хӯронидану пӯшонидани кӯдакон, хондану хонадор карданашон пул лозим аст. Мо мардҳо аз ҳамин хотир ба ин сардиҳои мулки рус тоқат карда, ба муҳоҷират омадаем.

Магар ягон мард мехоҳад, ки аз зану кӯдаку хонаводаи худ дур шавад? Дар ин хонаҳои иҷораи тангу қиммат, ки аз ҷиҳати санитарӣ ба ягон талабот ҷавобгӯ нест, мо муҳоҷирон паҳлӯи ҳам мехобем, магар осон аст? Ҳавои сарду таҳқири мардуми дигар миллат магар ба мо мефорад?

На ҳамаи мардҳо дар ин ҷо зан мегиранд, агар зан гиранд ҳам, аз ноилоҷӣ аст, хеле каманд шумораи мардоне, ки аз бекориву мастӣ инҷо бо зани дигар робита дошта бошанд.

Муҳоҷирмардоне ҳастанд, ки дар ин сардиҳои тоқатфарсо ҳам намози худро мехонанду ҳам кор мекунанд. Ҳар рӯз як муҳоҷири тоҷик дар муҳоҷират гирифтори мусибате мешавад. Давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бибиҳои мо то дами марг интизори шавҳарони ба ҷанг рафтаашон буданд. Гурусна зиндагӣ мекарданд, аммо садоқату муҳаббат доштанд. Ҳамсарони онҳо хиёнат накарданд. Аммо ҳоло дар баъзе заноне, ки шавҳаронашон дар муҳоҷиратанд, чунин бовафоиро намебинам. Аз ин рӯ, ҳар боре муҳоҷиреро санги маломат мезананд, асабӣ мешавам. Худованд ҳам ба марду ҳам ба зан инсоф диҳад.
Н. Талбаков

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД