Sebiston new 2024 october
Муҳоҷири тоҷикро кӣ маъюб кард?
3167

Чеҳрони 26 -сола дар дил орзуву ҳувасҳои зиёде дошт. Ӯ бисёр мехост тӯйи бошукӯҳе ороста, зери навои карнаю сурнай арӯси орзуҳояшро ба хона биёрад ва шаҳди бахтро бичашад.

Бо ҳамин муроду мақсад ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта, дар сармову яхбандиҳои мулки рус бо арақи ҷабин пул кор кард, аммо бахт ба рӯяш нахандида, ҳангоми бозгашт ба Ватан ба садамаи автомобилӣ гирифтор гашт. Ҳамсафарони Чеҳрон дар хуни худ ғарқ гашта, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурданд. Чеҳрон ягона мусофире буд, ки дар ин садамаи хунин ҷон ба саломат бурд, аммо...

Дар натиҷаи ин садамаи даҳшатбор дасту пойҳои ин ҷавони 26-сола шикаста, сараш сахт осеб дидааст. Имрӯз ин муҳоҷирбачаи тоҷик бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе таҳти назорати табибон қарор дорад. Табибон тамоми кори аз дасташон меомадаро карда бошанд ҳам, ҳоли Чеҳрон хуб нест. Волидонаш мехоҳанд Чеҳронро барои табобат ба Ҳиндустон баранд, аммо барои ин камаш 750 ҳазор рубли русӣ лозим аст.


Метарсам, ки писарам ба Сурия нарафта бошад


Падару модари ин ҷавон камбизоат буда, чунин маблағи калонро муҳайё карда наметавонанд ва аз касоне, ки имкони иқтисодӣ доранд, хоҳиш ва илтимос мекунанд, ки ҷони фарзанди онҳоро аз панҷаи дард бихаранд. Шахсоне, ки мехоҳанд дар чунин рӯзҳои сахт ин хонавдаро дастгирӣ намуда, дар табобати Чеҳрон Қиёмов дасти мадад дароз намоянд, метавонанд тариқи бонк кӯмакпулии худро ба ин корт гузаронанд: Сбербанк: 5469-7200-1669-6284 РАХИМОВ САЙРИДДИН
Телефон барои тамос: 992-933- 986- 000

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД