Акнун муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд қабл аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Созишнома дар ин боб санаи 9-уми октябри соли 2025 дар Душанбе имзо шуда, ҳафтаи гузашта барои тасдиқ ба Думаи давлатии Русия фиристода шудааст. Дар асоси ин ҳуҷҷат Ҳукумати Русия ба муҳоҷирони тоҷик имкон медиҳад, ки барои гирифтани иҷозаи кор ё патент қабл аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон дар маркази тиббие, ки тибқи қонунгузории Русия фаъолият менамояд, аз ташхисҳои зарурии тиббӣ гузашта, маълумотномаро пешниҳод намоянд. Кормандони ин марказ ба махзани маълумотҳо дар бораи гирифторони бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ, гепатит ва сил дастрасӣ хоҳанд дошт, аммо ҳанӯз маълум нест, ки маркази мазкур дар кадом муассисаи тиббии Душанбе фаъол мешавад.
Қобили зикр аст, ки бо супоридани ташхис дар ватан, муҳоҷирони тоҷик баъдан дар Русия ташхиси такрорӣ намесупоранд ва ин кори онҳоро осону арзонтар месозад.