formula55
Муҳоҷирони “депортатсия” шударо авф мекунанд?
1694


Роҳи сохтмончиён ба Русия кушода мешавад?
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Федератсияи Россия дар бахши сохтмон кор мекарданд ва бо сабаби вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷиратӣ аз ин кишвар ихроҷ (депортатсия) карда шудаанд, бояд авф карда шаванд, то тавонанд барои кор дар сохтмон дубора баргарданд...

Ин пешниҳоди президенти ҷамъияти миллии сохтмончиёни Россия Антон Глушков мебошад, ки хабаргузории ТАСС нашр кардааст.

Норасоии қувваи корӣ дар бахши сохтмон боиси қафо мондани корҳои сохтмонӣ дар аксар минтақаҳои Русия гашта, масъулини соҳаро сахт нигарон кардааст. Аз касе пӯшида нест, ки сохтмон дар ин кишвар асосан бо қувваи муҳоҷирони меҳнатӣ пеш мерафт ва худи мардуми таҳҷоӣ хоҳиши дар ин соҳаи душвор кор карданро надоранд. Ихроҷ шудани шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ва рӯ ба мамолики дигар овардани онҳо боиси қафомонии корҳои сохтмонӣ дар ин кишвар гашт ва акнун ба хотири пешравии кор ҷониби Русия мехоҳад бо авф кардани шаҳрвандони хориҷие, ки дар бахши сохтмон кор мекарданд, дубора қувваи кориро аз кишварҳои ҳамсоя, махсусан аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба кишвараш ҷалб намояд.

"Ман фикр мекунам, вақти он расидааст, ки мо механизми авфи қувваи кории хориҷиеро, ки дар бахши сохтмон кор мекарданду бо сабабҳои гуногун аз ҳудуди Федератсияи Россия ихроҷ шуданд, фикр карда бароем. Ин қувваи корӣ имрӯз ба мо хеле зарур аст, чунки онҳо дар Россия кор кардаанд ва таҷрибаи истеҳсолӣ доранд”-гуфтааст Глушков ба журналистон.


Ба гуфти президенти ҷамъияти миллии сохтмончиёни Россия Антон Глушков шумораи муҳоҷирони меҳнатии ихроҷшуда хеле зиёд аст. Танҳо аз Тоҷикистон қариб ним миллон нафар барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷиратӣ ва буду бош дар Федератсияи Россия аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД