arzon replenishment
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Британияи Кабир мераванд
3539

 

Муҳоҷират ба як раванди умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва имрӯз мақомоти муҳоҷиратии Тоҷикистон низ самтҳои нав ба нави онро барои муҳоҷирони тоҷик ҷустуҷӯ менамоянд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти ҷойҳои нави корӣ дар хориҷи кишвар барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, тайи солҳои охир бо чандин давлатҳо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Туфайли ҳамин равобит муҳоҷирони меҳнатии тоҷик имкон пайдо карданд, ки дар доираи шартномаҳои байнидавлатӣ ба мамолики Аврупо, Корея, Туркия ва дигар давлатҳо сафар карда, бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд.

Бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ҳудуди 700 нафар хоҳишмандон, ки нияти ба Британияи Кабир ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доранд, бо намояндагони ширкати “HOPS”, ки бо сафарбарсозии муҳоҷирони меҳнатӣ ба Англия машғуланд, мулоқот доштанд.

Намояндагони ширкат зикр намуданд, ки “HOPS” беш аз 30 сол боз бо сафарбарсозии қувваи корӣ ба Британияи Кабир машғул буда, дар ин самт таҷрибаи бой дорад. Ширкати мазкур муҳоҷирони меҳнатиро аз кишварҳои гуногун барои кор дар бахши кишоварзӣ ба Англия равон мекунад.

Гуфта шуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар Британияи Кабир бо ҷамъоварии маҳсулоти полезӣ аз қабили карам, каду, помидор, клубник, буттамеваҳо, олуболу, себ, нок ва дигар корҳои саҳроӣ машғул шуда, барои як соати корӣ 10, 4 фунт-стерлинг мегиранд, ки тахминан бо 12-13 доллари амрикоӣ баробар аст. Ҳафтаи корӣ на камтар аз 32 соатро ташкил медиҳад ва ба ҳисоби миёна муҳоҷирони меҳнатӣ ҳар моҳ 1500-2000 доллар кор карда метавонанд.

Хароҷотҳои ҳуҷҷатгузорӣ (гирифтани раводиди корӣ ва ғайра), пули чиптаи ҳавопаймо, хӯрду хӯрок аз ҳисоби худи муҳоҷирони меҳнатӣ буда, ҳамзамон онҳо ӯҳдадор мешаванд, ки маблағи андозҳои давлатӣ ва иҷораи манзили зисти худро пардохт намоянд.

Бақайдгирии хоҳишмандон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Британияи Кабир аз ҷониби Маркази машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ сурат гирифта, фардо боз як гурӯҳ сабтиномшудагон аз суҳбат мегузаранд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи апрели соли равон як гурӯҳи 500-нафараи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тариқи ин ширкат ба Англия барои кор дар хоҷагиҳои фермерӣ равон карда шуда буданд ва айни замон онҳо ба ҷамъоварии маҳсулоти полезӣ машғуланд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД