arzon replenishment
Муҳоҷирони тоҷик барои кор дар Черногория аз озмун мегузаранд
726

 

Санаи 29-уми апрели соли равон дар МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе озмун барои фаъолияти меҳнатӣ дар ширкати сохтмонии Ҷумҳурии Черногория “Stone Design” баргузор гардид.

Тавре аз Марказ иттилоъ доданд, ширкати сохтмонии Ҷумҳурии Черногория “Stone Design” аслан бо корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Черногория машғул аст. Бояд қайд кард, ки ширкат соҳиби меҳмонхона буда, коргарон дар он ҷо иқомат мекунанд. Бояд гуфт, ки аз меҳмонхона тавассути автобуси ширкат коргарон ба ҷойи сохтмон бурда расонида мешавад. Коргарон бо маоши хуб ва хӯрока таъмин мегарданд. Роҳбарияти ширкати мазкур барои бехатарии муҳоҷирони тоҷик кафолат медиҳад.

Чиптаи ҳавопаймо ва ҳуҷҷатгузориро ширкат ба уҳда гирифтааст.

Дар мадди аввал, 50 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар озмун иштирок намуданд, барои фаъолияти меҳнатӣ ба ин ширкат фиристода мешаванд. Номнависӣ барои кор дар Черногория идома дорад.

Шахсоне, ки мехоҳанд дар ин ширкати сохтмонӣ кор кунанд, метавонанд ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 воқеъ гаштааст, муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос: 225-05-75 ва 225-08-33

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД