Муҳоҷиронро бе ”Амина”
ба Русия роҳ намедиҳанд
Шурӯъ аз 1-уми сентябри соли 2026 истифодаи барномаи мобилии “Амина” барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав ҳатмӣ мешавад. Дар ин бора Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар дода, таъкид намудааст, ки аз 1-уми сентябр истифодаи барномаи мобилии "Амина" барои тамоми шаҳрвандони хориҷии болиғ, ки бидуни раводид ба вилояти Маскав меоянд, ҳатмӣ хоҳад гашт. Гуфта мешавад, ки натанҳо муҳоҷирони меҳнатӣ, балки донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии вилояти Маскави Русия таҳсил мекунанд, бояд дар барномаи “Амина” сабти ном намоянд.
Бояд гуфт, ки тариқи барномаи мобилии “Амина” мақомоти Русия ба маълумот дар бораи макони зист, ҷойи кор ва будубоши муҳоҷирон дар Русия дастрасӣ пайдо мекунанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон барои посух гирифтан ба саволҳои худ ё гирифтани машварати ҳуқуқии ройгон аз 9:00 то 18:00 метавонанд ба Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав бо суроғаи шаҳри Маскав, кӯчаи Чаянова, 3/40 муроҷиат намоянд ё ба рақамҳои зирн занг зананд:
Телефон: +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02;
Ватсап ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68;