35 years of independency
Муовини вазири маориф ва илм бо Васлида мулоқот кард
62

Муовини вазири маориф ва илм бо Васлида мулоқот кард
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан бо Васлида Сафарзода, духтараки 9-сола аз шаҳри Гулистони вилояти Суғд, ки бо истеъдоди сарояндагии худ таваҷҷуҳи дӯстдорони мусиқиро ҷалб кардааст, мулоқот намуд.
Васлида Сафарзода бо иҷрои сурудҳои ӯзбекӣ, аз ҷумла таронаи «Баригул», миёни ҳаводорони мусиқӣ маҳбубият пайдо кардааст. Истеъдоди нодир ва шавқу рағбати ӯ ба санъати мусиқӣ боис гардидааст, ки дар синни хурдсолӣ ҳамчун духтараки соҳибистеъдод шинохта шавад.
Бо сабаби вазъи саломатӣ Васлида ба таҳсили инфиродӣ фаро гирифта шудааст. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳамзамон бо идомаи таҳсил ба рушди қобилиятҳои ҳунарии худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Зимни мулоқот истеъдоди сарояндагии духтарак, имкониятҳои рушди минбаъдаи қобилиятҳои ӯ ва масъалаҳои дастгирии кӯдакони болаёқат баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, рушди эҷодӣ ва ҳавасмандсозии кӯдакони соҳибистеъдод таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дастгирии кӯдакони болаёқат ва фароҳам овардани имконият барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо аз самтҳои муҳими таваҷҷуҳ ба таълиму тарбия ба шумор меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД