sebiston july new
Музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон баланд шуд
627


Музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон ба андозаи 251 сомонӣ боло рафтааст.

Дар ин бора Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Тавре ки вазир гуфт:

“Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохт шудааст, дар соли 2023 дар миқёси ҷумҳурӣ 2013, 11 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли қаблӣ 251, 82 сомонӣ ва ё ба андозаи 14, 3 % зиёд мебошад.“

Музди камтарин ба кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, шикор, ҷангал ва моҳипарварӣ рост омада, ҳамагӣ 811, 73 сомониро ташкил медиҳад. Музди меҳнати аз ҳама баланд ба кормандони бахши истихроҷи канданиҳои фоиданок 3646, 93 сомонӣ, таъмини нерӯи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво 3634, 06 сомонӣ, сохтмон-3004, 98 сомонӣ, соҳаи маориф-1645, 82 ва тандурустӣ-1344, 81 сомонӣ рост меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД