Arzon march 2024
Муждагонӣ мегиред, вале садақа диҳед
2037

 

Духтарам дар Русия зиндагӣ мекунад ва ман ният дорам, ки ҳафтаи оянда ба аёдати фарзандам равам, вале аз парвоз кардан метарсам. Сабабаш дар он аст, ки тез-тез дар хобам ба садамаи ҳавопаймоӣ гирифтор мешавам. Хоб мебинам, ки тайёра чаппа шудааст ё дар ҳаво оташ гирифтааст. Аз чанд кас пурсидам, вале хобҳоямро таъбир карда натавонистанд. Мехоҳам донам, ки суқути ҳавопаймо дар хоб чӣ таъбир дорад?

Савригул аз н. Варзоб

 

Сабаби хобҳои даҳшатнок дидани шумо тарсу ҳаросе мебошад, ки дар вуҷудатон ҷо шудааст. Натарсед, суқути ҳавопаймо дар хоб аз пешомади бади шахси хобдида гувоҳӣ намедиҳад, баръакс ин фоли нек аст. Дар хобномаҳо омадааст, ки суқути ҳавопаймо дар хоб аз пайдо шудани навигариҳои тоза дар ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳад. Бар асари навигариҳои бисёри пайдошуда як муддат шумо сари калобаи худро гум карда, аз чӣ сар карданатонро намедонед, аммо ин ташвишҳо муввақатӣ буда, баъдан комёбии бузурге насибатон мегардад.  

 

 

Яъне, суқути ҳавопаймо дар хоб хатарнок нест ва дар бештари ҳолатҳо аз ҳал шудани мушкилиҳои ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳад, вале ба ҳар ҳол хуб мешуд, ки ба хотири оромиши худ ба ягон шахси бенаво садақа диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД