Arzon march 2024
МВД-и Русия қотилони ҷавони тоҷикро меҷӯяд!
2458

 

Вазорати корҳои дохилии Русия ба тафтиши видеои латукӯби ҷавони тоҷик аз ҷониби як гурӯҳи номалум сар кардааст. Дар ин бора намояндаи расмии ВКД–и Русия Ирина Волк хабар додааст.

Ба қавли ин манбаъ Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колокольцев ба зерсохторҳои ВКД супориш додааст, то далели дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардани навори ведеоии латукӯби мардеро, ки тахмин меравад шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ҳамаҷониби бисанҷанд.

“Айни замон ҳақиқӣ будани навори мазкур, макони ҳодиса, вақту соати наворгирӣ ва шахсияти ҷинояткорон санҷида шуда истодааст” гуфт Ирина Волк .

 


 

-Дар баробари санъат ман варзишро беҳад дӯст медоштам. Дар аввал бародаронам ба ман иҷозати санъаткор шуданро надоданд, бинобар ин, ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳи варзиш супоридам.


Қаблан Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ин амали ҷиноиро кори дасти скинхедон намида аз ҳамтои руси хеш хоҳиш карда буд, ки ба таҳқиқи ин ҷинояти мудҳиш ва ҷазо додани ҷинояткорон ҳамдастӣ намояд. Ёдовар мешавем, ки 30-август дар сомонаҳои иҷтимоӣ навори даҳшатбори аз ҷониби як гурӯҳ миллатгароён мавриди латукӯб қарор гирифтани як ҷавони тоҷик , пайдо шуда буд. Дар навори мазкур як гурӯҳ скинхедҳо ноҷавонмардона як ҷавони дар замин хобидаро танҳо барои тоҷик буданаш зери мушту лагад гирифта, бераҳмона кордборон мекарданд. Ин навор дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ эътирозҳои зиёдеро ба миён оварда, мардум аз ҳукумати кишвар хоҳиш карданд, ки нисбати ин амали ваҳшиёнаи миллатгароёни рус эътироз намуда, пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани он муштзӯронро аз мақомоти Русия талаб намоянд.



 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД