Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал доир гардид.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба сокинон гӯшт, макарон, орд, равған, шакар, меваю сабзавот, полезиҳо, нон ва маҳсулоти ширию гӯштӣ, инчунин обу афшураҳо пешниҳод гардиданд.
Ин тадбир ба беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти босифату дастрас ва ғанӣ гардонидани дастархони мардум равона гаштааст.
Дар ёздаҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд 709 678,5 тонна сабзавот ва 269 906,5 ҳазор тонна мевагӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 106,3 фоиз ва мевагиҳо 117,2 фоиз зиёд шудааст.