Рӯзҳои 15, 16 ва 17-уми майи соли равон бо ибтикори Агентии рекламавии “Тайрон” ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Кохи Борбад намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ баргузор хоҳад гашт. Ташкилкунандагон бовар мекунонанд, ки нархи молу маҳсулот дар ярмарка нисбат ба бозор арзонтар ва дастрас мебошад.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар Кохи Борбад бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи хеле машҳур ва овозадори “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” баргузор мегардад.
Агентии рекламавии “Тайрон” муддати 12 сол инҷониб ҳамасола ин чорабиниро баргузор намуда, молу маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасониҳои ширкатҳои ватаниро ба мардум пешкаш менамояд.
Имсол дар лоиҳа-озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар маҷмӯъ 32 ширкати машҳури ватанӣ, аз қабили “Пайкар”, “Баҳор”, “Файзи Расул”, “Амирӣ”, “Шири Душанбе”, “Шоколатье”, “Молочная радость”, “Мурғи байзо”, “София“, “Наҷот”, “Сардор”, “Килк”, Орди фатир”, “Авесто”, мағозаи “Беҳрӯз”, “GMP”, “Nets”, “ Mehnat”, “Niso”, “Қолинҳои миллат”, “Рамис”, “Арвис”, “Зира”, “Соса-Соla”, “Акома”, “Арома-Коко”, “Дусти Алишер”, “Файзи Расул”, Акиа Авесто ва дигарон иштирок намуда, молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба мизоҷон пешкаш менамоянд.
Харидорон аз ярмаркаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” анвои гуноҳуни маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла орд ва маҳсулоти ордӣ, равған, қанду шириниҳои лазиз, пистаю бодом, маҳсулоти ширӣ, қаймоқ, сметана, намудҳои гуногуни гӯшти мурғ, ҳасибу ҳасибча, шарбату обҳои газнок, маҳсулоти хушсифати косметикӣ ва атру хушбӯиҳо, маводҳои шустушӯӣ ва ҳатто қолинҳои хушсифатро бо нархи дастрас пайдо карда метавонанд.
Тавре масъулини чорабинӣ изҳор медоранд, бартарии ин намоишгоҳ аз дигар ярмаркаҳо дар он аст, ки ба харидорон имкон дода мешавад, ки маззаи маҳсулотро чашанд, бо худи истеҳсолкунандагон аз наздик шинос шуда, назари худро ба молу маҳсулот ва хизматрасониҳои онҳо бигӯянд, агар пешниҳоде дошта бошанд, иброз доранд ва маҳсулоти писандидаи худро бо нархҳои нисбат ба бозор арзон харидорӣ кунанд. Ширкатҳо дар ин ярмарка маҳсулоти худро бо нархи яклухт (оптовая цена) ба фурӯш мебароранд.
“Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” лоиҳаи муваффақ буда, ба як чорабинии муҳим дар ҳаёти иқтисодии мамлакат табдил ёфтааст. Агентии рекламавии “Тайрон” онро дар якҷоягӣ бо иштирокчиёни лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва палатаи савдои ҷумҳурӣ мегузаронад.
Ҳадафи асосии лоиҳа саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкорони тоҷик, тарғиби молу маҳсулоти Ватанӣ ва мусоидат намудан ба паст шудани нарх дар бозор мебошад.