Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайр Каримзода дар 13-умин Фестивал-озмуни байналмилалии «Viva Astana», ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, сазовори «Шоҳҷоиза» шуд.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зубайр Каримзода дар ин озмун суруди «Республикаи ман»-ро иҷро намуда, бо қарори ҳайати ҳакамон ба гирифтани ҷоизаи олии фестивал мушарраф гардидааст. Ҳамзамон, ӯ соҳиби ду роҳхати ройгон барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ дар давлатҳои Гурҷистон ва Озарбойҷон низ шудааст.
Дар фестивал намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Русия маҳорати ҳунарии худро ба намоиш гузоштаанд.