arzon replenishment
Нархи кадом маҳсулотҳо чӣ қадар гарон шуд?
27.02.2024
ОИЛА
229


Бино ба таҳлилҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон нархи озуқа соли гузашта 3,4%, маҳсулоти ғайриозуқа - 6,6% ва хизматрасонӣ 1,2% гарон шудааст. Дар ин бора Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, зимни нишаст дар робита баҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодию иқтимоии кишвар дар соли 2023 иттилоъ дод.

Нуриддинзода гуфт, миёни маҳсулоти озуқаворӣ қимматшавии нарх ба шакару мевагӣ рост меояд. Аз ҷумла, нархи шакар 28% ва мевагӣ зиёда аз 33% боло рафта, гароншавии нархи маҳсулоти қаннодӣ дар сатҳи қариб 12% аст.
Дар баробари ин гӯшти гӯсфанд беш аз 11%, гӯшти гов 6% ва гӯшти мурғ қариби 2% гарон шудаст.

Дар баробари ин, нархи доруворӣ беш аз 13%, асбобҳои маишӣ қариби 8%, масолеҳи сохтмонӣ наздики 5,5% ва пойафзол беш аз 3% зиёд гардидаст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД