Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки қариб 30 шаҳру ноҳия нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбиро пурра иҷро карда, дар умум, давоми 10 рӯз нақшаи даъват 78% иҷро шудааст.
Бар асоси оморе, ки Вазорати мудофиа нашр кардааст, минтақаҳои Тоҷикистон ба таври зайл нақшаро иҷро кардаанд:
ВМКБ - 100%;
Вилояти Хатлон - 91%;
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 72%;
Душанбе - 71%;
Вилояти Суғд - 64%.