goodwell
Насиба Абдуллоева ба дидорбинии Васлида Сафарзода ба Тоҷикистон омад
249

Сарояндаи маъруфи ӯзбек, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Насиба Абдуллоева барои дидорбинии Васлида Сафарзода, духтараки хушовозе, ки бо иҷрои таронае дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф шудааст, ба Тоҷикистон омад.

Бино ба иттилои сомонаи ӯзбекии «Дарё.уз», Насиба Абдуллоева рӯзи 24-уми август ба шаҳраки Зарнисор омада, бо Васлида Сафарзода ва аҳли оилаи ӯ мулоқот кардааст. Дар ҷараёни дидор Насиба Абдуллоева ва Васлида Сафарзода дар назди оммаи васеи мардум якҷо суруди маъруфи «Баригал»-и ин сарояндаи хушовози Ӯзбекистонро иҷро кардаанд. Дар наворе, ки аз ин мулоқот дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, дида мешавад, ки Насиба Абдуллоева бо забони тоҷикӣ мегӯяд: «Баригалашро ҳамакаса мехонем» ва сипас онҳо якҷо ба хондани суруд оғоз мекунанд.

Иҷрои суруди «Баригал» аз ҷониби Васлида Сафарзода қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ба худ ҷалб карда буд. Садои хушу маҳорати ин духтарак боиси он шудааст, ки навори сурудхонии ӯ миёни корбарон васеъ паҳн шавад.

Бояд гуфт, ки Насиба Абдуллоева аз сарояндагони шинохтаи Ӯзбекистон буда, бо фаъолияти чандинсолаи эҷодиаш дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дорад. Ӯ дар баробари сурудҳои ӯзбекӣ як қатор таронаҳои тоҷикӣ низ иҷро кардааст.

Аз маъруфтарин сурудҳои тоҷикии Насиба Абдуллоева «Ҷон додаракам» ва «Ман ба дидани гул» мебошанд. Суруду таронаҳои тоҷикӣ дар иҷрои ӯ миёни дӯстдорони мусиқии тоҷикӣ низ маҳбубияти хос доранд. Иҷрои сурудҳои тоҷикӣ аз ҷониби Насиба Абдуллоева танҳо як бахши фаъолияти эҷодии ӯ нест, балки яке аз намунаҳои робитаи деринаи фарҳангии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон низ ба шумор меравад. Дар минтақа сурудҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ солҳо боз аз ҷониби сарояндагони ҳар ду кишвар иҷро мешаванд ва миёни шунавандагон маъруфият доранд.

Дидори Насиба Абдуллоева бо Васлида Сафарзода ва иҷрои муштараки «Баригал» дар Тоҷикистон ҳамзамон ба як рӯйдоди ҷолиби фарҳангӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба худ ҷалб кардааст. Бевосита ба дидорбинии Васлида Сафарзода омадани Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Насиба Абдуллоева боз як намунаи пайванди фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дӯстии миёни мардумони ду кишвар аст.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД