Arzon march 2024
Нилов: Гирифтани шаҳрвандӣ аз ҷониби муҳоҷирон ҷиддӣ санҷида шавад
1126

Ярослав Нилов, сарвари Кумитаи меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва кор бо ветеранҳои Думаи давлатии Россия пешниҳод кардааст, ки сиёсати муҳоҷиратии Федератсияи Россия пурзӯр гардонида шавад.

Нилов, ки дар як вақт вазифаи муовини раиси Ҳизби леберал-демократии Россияро низ иҷро мекунад, бар он андеша аст, ки пешгӯии Жириновский рост баромада, раванди муҳоҷират аз зери назорат хориҷ шуда истодааст ва муҳоҷирони меҳнатӣ чунон аз худ рафтаанд, ки ҳар чи дилашон хост, дар ин кишвар кардан мегиранд.

Ярослав Нилов гуфтааст, ки агар қонунҳои муҳоҷиратии Россия бозбинӣ шуда, назорат аз рӯйи муҳоҷирон пурзӯр карда нашавад, омадани ҳазорон-ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар метавонад оқибатҳои ногувори зиёдеро ба бор оварад.

"Бетартибӣ мекунанд, авбошӣ мекунанд, бо криминал машғул мешаванд. Рақамҳо даҳшатоваранд. Пеши роҳи ин равандро ҳарчи зудтар гирифтан лозим аст. Муҳоҷирати меҳнатӣ бояд танҳо қонунӣ, расмӣ ва мувофиқи дархост бошад. Ин принсипи асосӣ мебошад. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар кадом минтақае, ки заруранд, бигзор рост ба ҳамон ҷо раванд, на ин ки ҳар кӣ дилаш хост, ба шаҳри Москва омада, моҳҳо кор кофта гардад”, - гуфтааст Нилов.

Ярослав Нилов ҳамчун намояндаи расмии Ҳизби либерал-демократии Россия ба Думаи давлатии Россия андешидани 4 чораи фаврӣ ва ҳатмиро пешниҳод кардааст.

“Пеш аз ҳама ҳаракати муҳоҷирони меҳнатиро дар дохили Россия зери назорати қатъӣ гирифта, дар тамоми гузаргоҳҳо ҳатман изи даст ва нақши ангуштони муҳоҷиронро аксбардорӣ кардан лозим аст”, - гуфт ин депутати рус.

Дар идомаи сӯҳбаташ Нилов аз қонуншиканиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ки онҳо дар ин ҷо қонуншиканиҳои зиёде мекунанд ва Русия онҳоро ихроҷ мекунад, вале ба ватанашон баргашта, айёрона ду-се ҳарфи ному насабашонро иваз мекунанду дубора бармегарданд, ки ба ин кор ҳарчи зудтар хотима гузоштан лозим аст.

Ин намояндаи ЛДПР ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки дар тамоми минтақаҳо чи тавр шаҳрвандии Федератсияи Россияро соҳиб гаштани зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле ҷиддӣ санҷида шавад, зеро аксари онҳо на забони русиро медонанд ва на аз таъриху фарҳанги рус хабар доранд.

Ярослав Нилов бар он андеша аст, ки макони зист ва даромади пулии муҳоҷирони меҳнатӣ низ бояд зери назорати қатъӣ гирифта шавад, ки онҳо маблағи дар Россия кор мекардаи худро ба чи кор сарф мекунанд ва ба куҷо мефиристанд.

“Сокинони маҳаллӣ аз тарси авбошиҳои муҳоҷирон дигар ҷуръат намекунанд, ки шабона ба кӯча бароянд”, - гуфтааст ин депутати рус.

Пешниҳоди чоруми Нилов он аст, ки барои қабули фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ба мактабҳои Россия квота ҷорӣ карда шуда, минбаъд омадани занони ҳомиладор, ки мӯҳлати таваллудкуниашон наздик аст, манъ карда шавад, то ки онҳо аз ҳисоби мардуми рус ба дар таваллудхонаҳои Россия муфт ва ройгон таваллуд накунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД