sebiston july new
Низорамоҳ Зарипова 100-сола шуд
386

 Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ- адабӣ тахти унвони" Чароғафрӯзи маьрифат ва фарҳанги миллӣ" бахшида ба 100- солагии арбоби намоён сиёсиву ҷамьиятӣ, бонуи бофазлу оқила ва духтари содиқу муборизи Ватан Низорамоҳ Зарипова бахшида шуда буд.

Дар чорабинӣ муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Кенҷа, муовини аввали Раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси Наморяндагони Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, собиқадорони меҳнат, донишҷӯён ва дигар чеҳраҳои муваффақи кишварамон иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода ҳамагонро хайрамақдам гуфта, аз хизматҳои шоёни Низорамоҳ Зарипова ёдовар шуд. Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён низ аз корнамоиҳои Низорамоҳ Зарипова ёдовар шуда, номаи табрикотии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қироат намуд ва бо тантана ба соҳибҷанш супурд. Раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони дигар сохторҳои давлатӣ низ ба унвони соҳибҷашн номаҳои табрикотӣ фиристода, аз корнамоӣ ва заҳматҳои ин зани мубориз гуфтаанд ва Низорамоҳ Зариповаро бо ҷашни мубораки 100-солагӣ муборакбод намуда, барояш тамоми хушиҳои индагиро таманно намудаанд. Баромадкунандагон ба рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон рост омадани зодрӯзи Низорамоҳ Зариповаро рамзӣ номида аз хизматҳои беназир ва талошу муборизаҳои ин зани бо нангу номус дар роҳи сулҳу суборт ва ободии Ватан ёдовар шуданд.

Аз ҷумла Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Низорамоҳ Зариповаро бо ҷашни мубораки 100- солагии умри пурборашон муборакбод гуфта, ин зани хирадмандро тимсоли бебаҳои матонат ва бунёдкории зани тоҷик номид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД