Ҳар моҳ, рӯзи гирифтани маош, мард як қисми даромадашро ба модараш мефиристод. Модараш бо писари хурдиаш зиндагӣ мекард. Худашон ҳам зиндагии осон надоштанд. Солҳо боз барои харидани хонаи шахсӣ пул ҷамъ мекарданд. Аммо ҳар боре ки рӯзи маош мерасид, мард аввал модарашро ба ёд меовард.
Ҳамсараш, ки зани боимон, меҳрубон ва хушахлоқ буд, аз ӯ мепурсид:
- Ба модарат пул фиристодӣ?
Мард табассум карда мегуфт:
- Бале, фиристодам.
Гоҳе бошад, сарашро мехарошиду мегуфт:
- Хайрият, ки ба хотирам овардӣ. Ҳозир мефиристам.
Зан ҳаргиз аз ин пулҳо афсӯс намехӯрд. Баръакс, худаш шавҳарашро ба кумак кардан ба модараш ташвиқ мекард.
Онҳо агар бо сабаби кору зиндагӣ ҳар ҳафта ба хонаи модар рафта натавонанд ҳам, зан қариб ҳар ҳафта ба ӯ телефон мекард.
- Модарҷон, чӣ ҳол доред? Саломатед? Чизе лозим нест?
Модар ҳар дафъа бо меҳр ҷавоб медод:
- Ҳама чиз хуб аст, духтарам. Худатонро эҳтиёт кунед.
Солҳо ҳамин тавр гузаштанд.
Ҷавонмард ва ҳамсараш зиндагии хоксорона доштанд. Орзуи бузургашон як хона буд. Ҳар моҳ як қисми маошро барои хона пасандоз мекарданд ва қисми дигарро ба модар мефиристоданд.
Онҳо фикр мекарданд, ки ба модар кумак мекунанд.
Аммо намедонистанд, ки модар барои онҳо чӣ нақша дорад...
Як рӯз модар аз дунё гузашт.
Фарзандон ҷомаи ғам ба бар карданд. Писар баъди маросими дафн чанд рӯз дар хонаи модар монд. Ба ҳар гӯшаи хона нигоҳ мекард ва хотираҳои кӯдакиаш пеши чашмаш меомаданд.
Рӯзи бозгашт фаро расид.
Вақте мард мехост ба назди ҳамсараш баргардад, бародари хурдиаш ӯро ба як сӯ хонд. Дар дасташ лифофаи ғафсе буд.
- Инро модарам барои ту гузошта буд, - гуфт ӯ. - Гуфт, баъди маргаш ба ту диҳам. Аммо таъкид кард, ки дар хона, дар назди ҳамсарат кушоӣ.
Мард лифофаро гирифт.
Ҳеҷ намедонист, ки дар дохили он чӣ ҳаст.
Бегоҳӣ ба хона расид.
Ҳамсараш, ки аз омаданаш хабардор буд, ӯро интизор, аммо мард хомӯш буд. Рӯяш нишонаи чанд рӯзи ғаму андӯҳ дошт. Лифофаро рӯйи миз гузошт. Зан низ дар паҳлӯяш нишаст.
- Ин чист? - бо овози паст пурсид ӯ.
- Модар мондааст...
Мард лифофаро оҳиста кушод.
Дар дохилаш як миқдор пул ва як варақи коғаз буд.
Коғазро гирифт. Дасташ ларзид. Навиштаҳо бо хатти худи модараш буданд.
Ӯ сар кард ба хондан:
«Писарчонам!
Агар ту ин мактубро мехонӣ, пас ман дигар дар байни шумо нестам.
Раҳмати илоҳӣ ҳамеша бо ту ва ҳамсарат бошад. Шумо бо вуҷуди он ки худатон ба пул эҳтиёҷ доштед, маро ҳар моҳ фаромӯш накардед. Писари хуб ва келини хуб будед. Ман медонистам, ки барои харидани хона пул ҷамъ мекунед. Медонистам, ки зиндагии худатон ҳам осон нест. Аммо шумо маро дар ҳолати ниёз танҳо нагузоштед. Келинамро махсусан дуо мекунам ва барояш аз даргоҳи Худованд баракат мехоҳам. Ӯ маро ҳамчун модари худ қабул кард. Ҳар рӯз занг мезад, аҳволамро мепурсид. Ҳар боре ки ту маро фаромӯш мекардӣ, ӯ маро ба ёдат меовард. Ман аз чунин келин доштанам хушбахт будам. Дуои ман ин аст, ки фарзандонатон низ мисли шумо боимону хушахлоқ ба воя расанд ва нисбат ба падару модарашон меҳрубону ғамхор бошанд. Писарам, пулҳое, ки ту солҳо ба ман мефиристодӣ, сарф накардам. То ҳадди имкон онҳоро нигоҳ доштам. Ман бо даромади бародарат ва нафақаам зиндагӣ мекардам. Баъзан барои хароҷоти хона аз пулҳои ту каме истифода мекардем, аммо қисми зиёдашро пасандоз мекардам. Тилловориҳои худро ҳам фурӯхтам ва маблағашро ба пулҳои ту зам кардам. Рӯзе, ки ин номаро менависам, ман аллакай 40 ҳазор доллар ҷамъ кардаам.
Намедонам чанд рӯзи дигар зинда мемонам. Намедонам боз чӣ қадар маблағ ҷамъ карда метавонам.
Аммо умед дорам, ки ин пул бо маблағе, ки худатон барои харидани хона ҷамъ кардаед, ба шумо мерасад.
Писарҷонам!
Ман туро дӯст медорам.
Баъди марги ман бародаратро, ҳамсаратро ва фарзандонатро хуб нигоҳубин кун. Ҳамдигарро эҳтиром кунед.
Нагузоред, ки пулу мол байни шумо кина, ихтилоф ва фитна эҷод кунад.”
Мард дигар хонда натавонист.
Коғаз аз дасташ афтод.
Ӯ рӯяшро бо ду даст пӯшонда, сахт гирист.
Ҳамсараш низ чашмони пур аз ашк дошт. Ба назди шавҳараш омад ва ӯро ба оғӯш гирифт. Ҳар ду хомӯш гиристанд.
Акнун мард фаҳмид, ки тамоми ин солҳо ӯ гумон мекард, ки ба модараш кумак мекунад. Аммо модар пулҳои ӯро барои худ сарф накарда буд. Ӯ онҳоро барои фарзандаш нигоҳ медошт. Барои набераҳояш.
Баъзе одамон то зинда будани падару модар ба онҳо «раҳмат» гуфтанро ба фардо мегузоранд. Мегӯянд: «Баъдтар меравам», «баъдтар занг мезанам», «вақт ёфтам, хабар мегирам»...
Аммо баъзан ҳамин «баъдтар» дигар ҳеҷ гоҳ фаро намерасад. Ба қадри падару модарон бирасед.