Arzon march 2024
Норасоии табибони гемофилия дар Тоҷикистон
17.04.2023
Mahina
898

“Дар соли 2017 шахсони гирифтори гемофилия ба беш аз 470 нафар ва соли 2023 ба зиёда аз 770 нафар расид. Дар зарфи 6 сол ин шумора 301 адад зиёд шуд. Дар дунё ҳар 5000–ум кӯдаке, ки таваллуд мешавад, ин бемориро дорад”. Ин нуктаро Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар як конфронси илмӣ - амалӣ, ки бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии беморони гемофилия дар Душанбе доир шуд, зикр кард.

Ба баёни мавсуф, агар барои харидани маводди доруворӣ барои беморони гемофилия дар соли 2022 як миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, дар соли 2023 ин рақам ба 1,7 миллион сомонӣ расид.

Бовар дорам, ки дар солҳои баъдӣ ин рақам марҳила ба маҳила зиёд мешавад. Барои дастрасӣ ва таъмини беморон ба комполнентҳои хун 1, 4 миллион сомонӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ равона карда шудааст”, - гуфт муовини вазир.

Шодихон Ҷамшед аз он нигаронӣ кард, ки ҳанӯз ҳам сохтори такмилёфтаи хизматрасонӣ барои беморони гемофилия дар кивар пурра ба роҳ монда нашудааст. Дар сатҳи ҷумҳурӣ 4 шуъба ва 29 табиб фаъолият мекунад, ки теъдодашон қонеъкунанда нест. Фақат ду шуъба дар шаҳри Душанбе ва ду шуъба дар вилояти Суғд фаъолият мекунанд, аммо дар ноҳияҳои тобеи кишвар ва ВМКБ чунин шуъбаҳо вуҷуд надорад.

Бо ташабусси Наҷиб Азизӣ, раиси ташкилоти ҷамъияти “Гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ин созмон ҳамасола чорабиниҳоро бо иштироки намояндагони соҳаи тандурустӣ баргузор менамояд. Ӯ гуфт, ҳамчун роҳбари ҷамъият аз хизматрасониҳои тиббӣ розӣ нест ва беморон наметавонанд сари вақт ёрии аввалиро бигиранд.

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии беморони гемофилия имрӯз дар шаҳри Душанбе чорабинӣ зери унвони “Кӣ ба рӯйи ноумеде дари баста боз карданд” баргузор гашт, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ, беморони гемофилия ва меҳмонон иштирок доштанд.

Аз идора: Дар бораи ин конфрон тафсилоти бештар нашр мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД