formula
Нозия чи тавр дар Ҳиндустон машҳур шуд?
1872


Нозияи Кароматулло, сарояндаи хушовози тоҷик ва духтари шодравон Кароматуллои Қурбон дар сомонаи расмиаш дар фейсбук ба таври назарсанҷӣ чор акси тозаро нашр кард.


Ба аксҳои Нозия аз тоҷикон дида бештар мардуми Ҳинд овоз додаанд. Аз шарҳи мухлисони ҳиндии Нозиябону чунин бармеояд, ки онҳо ин бонуи ҳунармандро хуб мешиносанд, мухлисони ашшадиаш ҳастанд ва ба ҳунару маҳораташ эҳтиром доранд.

Хурсандиовар аст, ки як духтараки фариштарӯйи тоҷик тавонистааст бо садои дилнишинаш дили мардуми сарзамини паҳновар ва ҳунархезу ҳунарзои Ҳиндустонро ба даст оварад.

Барои як ҳунарманди тоҷик муҳаббат ва эътирофи мардуми ҳиндро ба даст овардан дастоварди кам нест, зеро Ҳиндустон як кишвари оддӣ набуда, мамлакати азимест, ки дар бахши санъат ва ҳунар хеле ва хеле пеш рафта, ситораҳои сатҳи ҷаҳонӣ дорад.

Бояд қайд кард, ки Нозия аввалин таронаи ҳиндиашро ҳанӯз 12 сол қабл дар шабакаи ютуб нашр карда буд . Баъдан таронаҳои дигари Нозия бо забони ҳиндӣ дар шабакаҳои мусиқии Ҳиндустон пайдо шуданд ва ҳамин тавр ин нозанини сар то по ҳунар дар дилу дидаи мардуми ҳинд маъво гирифт.
Охирин суруди Нозия бо бародараш Муҳаммадрафӣ рӯзи 9-уми сентябр бахшида ба 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон садо дода буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД