arzon replenishment
Оча, ту бо ҳамин афти чиркинат ба ҷои кори ман омадӣ?
03.04.2020
Р. Азимӣ
16979

Ман модарам, модари 52- сола. Бо як фарзанд аз шавҳарам ҷудо шуда, бо сад азоб чанд сол дар Хлебзавод кор кардам.

Вақте писарам дар шикамам буд, раиси он вақтаи завод раҳмаш ба мани бечора омада, пешниҳод кард, ки аз тарафи давлат ба ман хона ҷудо кунанд. Соли 1997 буд, ки хона насибам шуд. Хурсандиям ҳаду канор надошт. Субҳ ба кор мерафтаму шом ба хона. 
Хонаам якҳуҷрагӣ бошад ҳам, касе дар ин ҷо нони мехӯрдаамро дар танам заҳр намекард. Писарам ба дунё омад. Бо хориву зориҳо ӯро ба воя расонидам.  Бовар кунед, дар миёнам баста, ба корхона кор мерафтам. Ҳамин, ки хобаш мебурд, рӯи тағора гузошта мехобинадам ва то бедор гаштанаш кори заводро ба анҷом мерасонидам. Буданд нафароне, ки гиряҳои писарат ба тори асабҳоямон нохун мезанад, завод ҷои кӯдакбиёрӣ нест гуфта, назди раис аз болоям шикоят мекарданд, аммо раис, ки инсони раҳмдилу ва саховатҷӯ, ки буд маро пеш намекард.

Писарам бо мумри солҳо мактабхон шуд. Субҳи содиқ писарамро ба мактаб гусел карда, бегоҳ хаставу лакот ба хона бармегаштам. Намедонам аз сабаби серкорӣ ба тарбияи фарзандам чандон диққат дода натавонистам ё аз азал Худованд тақдирамро чунин талх навишта будааст, ки писарам дар синфи 8-ум хонӣ бо бачаҳои авбош ҷӯра шуда, оҳиста-оҳиста аз кӯчаи одамгарӣ баромад. Рӯзе набуд, ки муаллимон маро ба мактаб даъват карда, аз беадабиҳои писарам шикоят накунанд. Ӯро насиҳат карда пеши роҳашро гирифтан мехостам, вале ба гапам гӯш надода мегуфт, ки ман мисли дигарҳо ота ё ака надорам, ки пуштибонам шаванд, он авбошҳо дар ҳама ҷо аз пасам мехезанд ва маро аз бачаҳои муштзӯр ҳимоя мекунанд. Падарам аз ту ба он хотир ҷудо шуд, ки ба ҳар кораш қатиқ мешудӣ, озодияшро поймол мекардӣ, имрӯз бошад ба ту иҷозат анмедиҳам, ки  ҳуқуқҳои маро поймол созӣ. Ман тибқи қонқни Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак метавонам, аз болоят шикоят кунам ва туро барои ин рафторат аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум созам. Дигар иҷозат намедиҳам, ки ба ҳар кори ман эрод гирӣ ё сади роҳи ҷурабозиҳоям гардӣ. 


Фарзандонам маро куштан мехоҳанд!


Яку якбора дигар шудани рафтори писарамро дида ҷигарам хун мешуд ва шабҳоро бо гиря саҳар гиря карда, Худоро зорӣ менамудам, ки ба фарзанди ман инсоф диҳад, аммо....

Ба ҷойи одам шудан писарам торафт хар мешуд. Дере нагузашта арӯсбозиро сар кард. Бо духтари ҳамсоя Луда шинос шуда, чандин шабҳо ӯро гирифта гум шуд. Падару модари Луда ба хона омада, бо ман ҷангу ҷанҷол карда, писаратро ётф деҳ вагарна ба суд аз болояш шикоят мекунем. БО ёрдами ҷӯраҳояш писарамро ёфтам вале ба ҷои узрхоҳӣ краданд, бо мушт ба сару рӯи падари духтар зада, онҳоро дар назди мрадуми маҳалла шарманда намуд. Як рӯз пас, милиса ба хона омад. Писарам боз гурехт. Маҷбур шуда, бо гиряву зорӣ ба милисахона рафта, талаб крадам, ки гуноҳи писарамро бахшанд ва аз падару модари духтар илтиҷо крадам, ки аризаашонро бозпас гиранд. Ба ашкҳои шашқатори ман дили волидони духтар об шуд ва онҳо аризаашонро боз пас гирифтанд. Дар наздикии хонаи мо тарабхона аст. Дарак ёфтам, ким писарам ба дарсҳо аҳмият надода, рӯз то бегоҳ дар он ҷо бо рафиқонаш калянмӣ гӯру баломӣ мекашидааст. Инро ба ман Луда гуфт ва бо шунидани ин хабар, ки писарам наркаман шундааст, дилам аз кор монд ва ҷонҳавл ба он макон рафта, писарамро дарёфтам ва даъват крадам, ки ба хона ояд, вале писарам дар назди ҷӯраҳояш ба сарам доду фиғон бардошта, дар ҳамин ҷоям ба асаби ман расидӣ гуфта, аз дастам кашола карда берун овард ва дашномкунон маро аз он ҷо пеш кард. Аз гиряву оҳу нола дидам, ки намешавад, худамро пурра ба кор бахшидам. Субҳ бо дили нолон ба кор рафта меомадам. Пулҳои бо хуни ҷигар кор кардаи маро писарам Шодмон гоҳ бо зӯрию гоҳ бо зорӣ кашида гирифта, аз дар мебаромаду шабҳоро бо духтарҳои бероҳа дар дискотека саҳар карда, ҳамеша масту махмур ба хона меомад. Дидам, ки ба хубӣ одам намешавад, хостам ӯро бо роҳи дигар ҷазо диҳам. Бо ҳамин мақсад гуфтам, ки дигар ба умеди пули ман нашуда, роҳашро дар зиндагӣ ёбад, чунки ман пир шудаам ва дигар аз ӯҳдаи таъмин кардани зиндагӣ намебароям. Ҳамин хел мактабро хатм намуд. Пул, ки надоштам, ӯро дохил карда натавонистам. Як алами писарам сад алам шуд ва мудом мегуфт, ки ҷӯраҳои ман дар донишгоҳҳо таҳсил мекунанду, модар шуда, маро дохил карда натавонистӣ. Рӯз ба рӯз Шодмонам бераҳму бадаҳон мегашт. Пул, ки намедонам писарам чанд вақт азоби бепулӣ кашида, маҷбур шуд, ки дар як тарабхона ба сифати пешхизмат ба кор дарояд. Акнун кам-кам ба хона майда-чӯйда меовард. Хурсанд шудам, ки ақлаш ба сараш задааст ва акнун аз паси зиндагӣ мешавад, аммо хаёлам хом баромад.


Модари Дилмурод Фозилов: Писарамро бегуноҳ куштанд!(Видео)


Бемор шуда, дигар ҳатто аз ҷоям хеста натавонистам. Аз писарам хоҳиш кардам, ки нон харида биёрад, чунки дигар мадори хамир кардану нон пухтан надорам. “Хез, маслуқатро ҷамъ карда ба кор баро ва худат нонатро ёфта хӯр. Ман пули бесоҳиб надорам, ки ҳар рӯз барои ту нону хӯрок биёрам” гӯён, писарам ба ҷигарам ханҷар зада, баромада рафт. Як ҳафтаи дароз мани бемор дар хонаи сард тани танҳо хобидам. Писарам гум буд ва якбор ҳам  дарро ба рӯям кушода намепурсид, ки модар, ту зиндаӣ ё мурда. Пас аз як ҳафта ба қавле мурдаамро кашолакунон ба ҷойи кораш рафтам. Писарам аз китфам гирифта, маро аз дари тарабхона берун бароварду гуфт: “Оча, ту бо ҳамин афти чиркинат ба ҷои кори ман омадӣ?! Аз афти хунуки ту дар пеши ҳамкоронам шарм доштам. Рав, тезтар аз ин ҷо рав, дигар афту башараи туро набинам!”

Гиря карда гуфтам, ки ман барои пул наомадаам, туро ёд кардам, вале писарам ба гапам гӯш надода, рӯяшро гардонда рафт.

Як моҳ шуд, ки писарамро надидаам. Ҷойи хобаш тарабхона аст, пули ёфтаашро бошад, танҳо ба ҷӯраю арӯсҳои таннозаш сарф мекунад.

Беҳуда нагуфтаанд:
Фарзанди бад боғи модар,
Фарзанди бад доғи модар

Оиша, модари ҷигархун

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД