arzon replenishment
ОҲИ ФАРЗАНДОН КӮРАТ КУНАД, МАРДАК!
2838

Донишам хуб буд. Вақте мактаби миёнаро хатм кардам, мехостам ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шавам. Аммо бародаронам, ки соҳиби маълумоти олӣ буданд, ақидаҳои куҳна доштанд.

Модарам ҳамеша таъкид мекард, ки “Хондани ту ба кӣ даркор? Ана, мардаки ҳамсоя профессор шуда, ҳанӯз ҳам иҷорашинӣ мекунад. Мудом аз ҳисоби барқу андоз қарздор аст”. Хулласи гапашон ҳамин буд, ки ман бояд аз баҳри хондан барояму шавҳар кунам.

Азбаски духтари қоматбаланди зебо будам, хостгоронам аз мӯи сарам ҳам зиёд буданд. Пас аз ду моҳи хатми мактаби миёна ба хонаи бахт сафар кардам. Шавҳарам эшонзода буду аз ман шаш сол калонтар ва ҳам илми динӣ дошту ҳам илми дунявӣ. Баъди чанд ҳафтаи зиндагӣ дар он хонадон фаҳмидам, ки авлоди шавҳарам бисёр одамони мутакаббир, худхоҳ буда, худро аз насли Имом Ҷаъфари Содиқ (р) медонанд. Онҳо ба ману авлодам аз аввал бо чашми ҳақорат менигаристанд.

Зиндагиамон дар аввал хуб буд. Аз ҳаёти якҷоя бо шавҳарам соҳиби се писар гаштам. Дар ин миён хоҳаршӯям ҳамроҳи панҷ кӯдакаш аз шавҳар ҷудо шуду ба хонаи падару модараш баргашт. Баъд аз ин зиндагӣ барои ман зиндон шуд. Вай ба ҳамаи корҳои ман эрод мегирифту мудом таъқиб карда, маро ба хушдоманам сиёҳ мекард. Баъди ин хушдоманам ба ман душман шуда монд. Бо ҳар баҳона неш зада, нисбатам ҳар хел туҳматҳо мебофту назди шавҳари бадрашкам “фоҳишаи ҷалаб” гуфта фарёд мекард. Баъд аз ин шавҳари бадрашкам маро мурданак мезад. Вале ба хотири ятиму дарбадари хонаи тағо нагаштани кӯдаконам тоқат мекардам.


Падар, ту зиндаӣ?


 Рӯз ба рӯз зулми хушдоманаму духтараш нисбатам авҷ мегирифт. Акнун ман дар назари шавҳарам зан не, як фоҳиша метофтам. Гапи модараш гузашту оқибат шавҳари рашкинам талоқамро дод. Баъди ин дар сиву як солагӣ ба қавле бева шудам. Аз хонаи хушдоманам як хас ҳам нагирифтам. Кӯдаконам сахт азоб мекашиданд. Ду моҳ судбозӣ кардам, вале ҳаққи фарзандонамро аз падарашон гирифта натавонистам.

Аз рӯзе, ки ба хонаи волидонам омадам, янгаам пӯстинашро чаппа пӯшида, ба ману фарзандонам рӯзи хушро нишон намедод. Бародари бечораам ҳам гоҳе тарафи маро мегирифту гоҳи дигар тарафи занашро. Ҳамин тавр, шаш моҳро дар хонаи волидон бо як азоб гузаронидаму косаи сабрам лабрез шуд. Ҳарчанде бародарони занкалонам борҳо “Ту ҳоло ҷавонӣ. Фикри худатро кун”, - гуфта маро ба шавҳар доданӣ буданд, вале ман ман ба хотири фарзандонам қабул намекардам.

Ба қароре омадам, ки бояд ба муҳоҷират рафта, бо меҳнати ҳалоли худ ақаллан хонаи якхуҷрадор харидорӣ намоям. Бо ин мақсад фарзандонамро дар назди волидонам гузошта, худам ба назди апаам рафтам. Ӯ хамроҳи шавҳару фарзандонаш дар шаҳри Саратов зиндагӣ мекард. Он ҷо дар як мағоза ба ҳайси фурӯшанда ба кор даромадам. Ду соли рассо кор карда, соҳиби шиноснома шудаму камтарак миёни худро рост намудам.


БОЗДОШТ ВА ҲАБСИ ҲАМСОЯИ БАДАХЛОҚ


 Баъди чанд соли дигар соҳиби нуқтаи савдо шуда, фарзандонамро ба наздам овардам. Фарзанди калониам имсол синфи панҷро хатм мекунад. Ҳоло мақсади ягонаам харидани хона ва дар кӯча намудани кӯдаконам аст. Бояд ба шавҳари дар намуд диндорам нишон диҳам, ки бе ӯ ҳам метавонам аробаи зиндагиамро кашам. Модару падар будан дар як вақт албатта душвор аст, вале кӯшиш карда истодаам, ки фарзандонам бепадариро нафаҳманду баробари дигарон зиндагӣ кунанд. Зан ҳам бошам, дили мардона дорам. 

Аз минбари баланди сомонаи серхонандаи “Оила” истифода бурда, мехоҳам ба шавҳарам расонам, ки кӯдакони ман акнун ба падар ниёз надоранд. Бале, аз меҳри падар дуранд, вале меҳри ман ҷойи онро пур карда истодааст. Бидон, ки судбозию харидани судя ва надодани ҳаққи фарзандонат маро ба ғарибӣ овард. Боварӣ дорам, ки оянда ба ту подоши дарбадарии моро медиҳад. Вақт ҳоким аст.

Зайнаб,

хонандаи шумо аз шаҳри Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД