goodwell
Ғолибони лигаи наврасони «Пешсаф» муайян шуданд
09.11.2026
Оила
54

Ғолибони лигаи наврасони «Пешсаф» муайян шуданд

7-уми ноябр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории лигаҳои наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» миёни футболбозони то 14, 16 ва 18-сола баргузор гардид.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар маросим ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳо ва беҳтарин бозигарони мавсим дар номинатсияҳои инфиродӣ бо медал, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар мусобиқаи футболбозони то 14-сола дастаи «Душанбе-8» мақоми аввалро гирифт. «Душанбе-1» дуюм ва «Хатлон-2» сеюм шуданд.

Дар гурӯҳи синнусолии то 16-сола дастаи «Душанбе-1» ғолиб гардид. Ҷойҳои дуюму сеюмро мутаносибан дастаҳои «Хатлон-1» ва «Душанбе-9» соҳиб шуданд.

Миёни футболбозони то 18-сола бошад, «Душанбе-8» чемпиони мавсим шуд. Дастаҳои «Душанбе-Соро» ва «Суғд-1» мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД