Ғолибони олимпиадаҳо соҳиби мукофот ва туҳфаҳои хотирмон гаштанд
83

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявии) олимпиадаҳои фаннӣ, Олимпиада оид ба шоҳмот ва Олимпиадаи «Spelling bee» аз забони англисӣ баргузор гашт.

Зарина Зуҳурзода, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур зимни чорабинӣ иброз намуд, ки ташкили озмуну олимпиадаҳо яке аз воситаҳои муҳими дарёфти хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд буда, дар ин самт бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои судманду муассир амалӣ мегарданд. Ин аст, ки дар пойтахт ҳаракати олимпии хонандагон вусъат меёбад ва шумораи бештари хонандагонро фаро мегирад.

Дар олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур дар умум 3065 нафар хонандагон иштирок намуда, 666 нафарашон сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Аз ҷумла 119 нафар сазовори ҷойи якум, 157 нафар ҷойи дуюм ва 390 нафар сазовори ҷойи сеюм гашта, ба даври шаҳрии олимпиадаҳои фаннӣ роҳхат гирифтанд.

Дар рафти маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври дуюми (ноҳиявии) олимпиадаҳои фаннӣ 10 роҳбари муассиса, 24 омӯзгор ва 697 нафар хонандагон аз ҷониби кумитаи тадорукот бо Диплом, Ифтихорнома ва медалу стеллаҳо қадрдонӣ гашта, 167 нафар ғолибони даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннӣ аз ҷониби МИҲД-и ноҳия соҳиби туҳфаҳо шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД