Ғолибони Ҷоми ҷаҳонии самбо-2026 дар Душанбе муайян шуданд
Дар шаҳри Душанбе рӯзи дуюми Ҷоми ҷаҳонии самбо-2026 дар риштаи самбоиразмӣ миёни занон баргузор шуда, ғолибон ва ҷоизадорони ҳафт вазн муайянгардиданд. Дар рақобатҳо намояндагони Тоҷикистон, Беларус, Русия, Ӯзбекистон,Қирғизистон ва Қазоқистон ба майдон баромаданд. Дар вазни то50 кг Иқбол Сапарова аз Туркманистон медали тиллоба даст овард. Анфиса Капаева аз Беларусдуюм шуда, Юлия Корнеева ва София Солуянова аз Русия медалҳои биринҷӣ гирифтанд.Дар ва
зни то54 кг Ксения Данилович аз Беларуссоҳиби медали тилло шуд. София Сиброва ва Елизавета Хачикова аз Русия мутаносибан медали нуқра ва биринҷӣгирифтанд. Алёна Бурденка, намояндаи Беларус,низ бо медали биринҷӣ анҷом дод.Дар вазни
то59 кг Елизавета Лапаева ва Даря Кузмина аз Русия мутаносибан ҷойҳои якум ва дуюмро гирифтанд. ВераСялюк аз Беларус ва МоҳинурҚудратова аз Ӯзбекистон соҳиби медалҳоибиринҷӣ шуданд.Дар вазни то 6
5 кг Даниэла Ждан аз Беларус ба медали тилло даст ёфт. Екатерина Голубева аз Русия дуюм шуд, Татяна Матско аз Беларус ва Аида Асанбекова аз Қирғизистон ҷойҳои сеюмро гирифтанд.Дар вазни то 7
2 кг Шинар Ибраева аз Ӯзбекистон ғолиб шуд. Анел Қайратқизи аз Қазоқистон медали нуқра ба даст овард. Дар вазни то 80 кг Алёна Прокопенко ва Злата Павлова аз Русия мутаносибан медалҳои тилло вануқра гирифтанд. Мадина Ержан ва Азман Амаева аз Қазоқистон соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.