sebiston july new
Омодагии касбии муҳоҷиронро месанҷанд
409

Ташкили муҳоҷирати меҳнатии гурӯҳӣ ва ҷалби мутташакилонаи муҳоҷирони тоҷик барои кор дар Русия зимни мулоқоти Олег Нуждин, муовини раиси Маркази бисёрфунксионалии Маскав (МФЦ). бо намояндагони мақомотҳои давлатӣ ва маҳалии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноз Нодирӣ, муовинони раисони чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе, ҳамчунин шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва Ваҳдат иштирок намуда, масъалаи ташкили муҳоҷирати кории гурӯҳӣ ва омодагии муҳоҷирони тоҷикро барои фаъолияти меҳнатӣ дар Русия муҳокима намуданд.

Дар рафти ин чорабинӣ се созишномаи муҳими ҳамкории дуҷониба ба имзо расид. Дар асоси ин ҳуҷҷатҳо минбаъд се литсейи касбӣ-техникии пойтахт омодагии касбии муҳоҷиронеро, ки ба таври мутташакилона ба муҳоҷирати меҳнатии гурӯҳӣ мераванд, месанҷанд.

Дар базаи ин муассисаҳои таълимии касбӣ барои муҳоҷирон курсҳои кӯтоҳмуддати омодагии касбӣ ташкил карда мешаванд, ки ҳадафи асосиашон омӯхтани нозукиҳои касбу ҳунарҳои гуногун ва баланд бардоштани касбияти муҳоҷирони меҳнатие мебошад, ки мақсади дарёфти кори муносиб дар Федератсияи Русияро доранд.

Дар курсҳои мазкур ба хоҳишмандон асосан касбу ҳунарҳое омӯзонида мешаванд, ки корхонаҳои Русия ба муттахассисони чунин соҳаҳо ниёз доранд.

Намояндагони Русия аз муассисаҳои зикршуда дидан намуда, бо шароти техникӣ ва раванди тарбияи касбии муттахассисон дар ин марказҳо ошно шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД