sebiston july new
Ҷонибеки Мурод писарашро қории Қуръон мекунад?
4256

-Салом Ҷонибек!

-Салом!

-Вақтҳои охир расо танбал шудаед, дар ду-се моҳ як суруд эҷод мекунеду халос, клипҳои наватонро бошад, моҳҳо интизор шудан лозим меояд...

-Аз ман не, аз дуздҳо домангир шавед.

-Кадом дуздҳо?

-Ҳамонҳое, ки клипҳои моро дуздида мефурӯшанд. Дигаронро намедонам, вале ман барои ҳар як клип камаш 10 ҳазор доллар сарф мекунам, аммо ҳанӯз фурсати монтаж кардан наёфта, дискфурӯшҳо бо ким-кадом роҳу воситаҳо пеш аз худам онро ба савдо мебароранд. Он дуздҳо аз ҳамин ҳисоб пули калон кор мекунанду мо ду даст дар бинӣ мемонем. Бо ин аҳвол чӣ хел дилат гарм мешаваду клип месозӣ?!

-Мегӯянд, ки Ҷонибек бисёр бачаи дасткушод аст ва ба мухлисони камбизоаташ кӯмак мерасонад. Шунидем, ки чанд нафарро барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристодаед. Ин овозаҳо ҳақиқат доранд?

-Ман намехоҳам дар ин бора ҳарф занам.

-Чаро?

-Хайри ман қабул намешавад, агар миннат кунам, ки барои фалонӣ ин кардаму он кардам. Ҳар мусалмоне, ки худованд барояш молу сарват додааст, бояд ба нодорону ятимон кӯмак расонад. Фармони Худост ин, на ҳарфи як ҳофизи эстрадаи тоҷик. Фармони Худовандро агар иҷро накунам, фардо шояд ба ғазаби Парвардигор гирифтор гашта ба нони хӯрдан зор шавам. Ман танҳо амри он Султони Ҳақро иҷро мекунаму халос!

-Чунон гап мезанед, ки гӯё сароянда нею домулло бошед...

-Домулло набошам ҳам, ман қариб ҳар рӯз дар вақтҳои холигиам китоби муқаддаси Қуръонро мутолиа мекунам ва ба қавли маъруф аз асрори гӯру қиёмат бохабар ҳастам.

-Мегӯянд, ки писаратонро қории Қуръон карданиед?

-Нуруллобек фарзанди калонии ман аст, минбаъд дигар бародаронаш бояд аз вай тарбият бигиранд. Мехҳам чуноне, ки мо бо бародари калониамон Фирдавсбек фахр мекунем, дар оянда дигар фарзандонам бо акояшон ифтихор намоянд. Акоям Фирдавсбек аз санъат хеле дур бошанд ҳам, ҳамеша дар ҳама кор аз он кас маслиҳат мепурсем, чунки бисёр инсони босавод ва дурандешу бофарҳанг ҳастанд. Ман бисёр мехоҳам, ки писарам Қуръонро пура омӯхта, мисли амакаш инсони фозил гардад ва дар оянда Нуруллобекро ҳамеша бологузар намоянд.

-Чаро аз оилаи Муродовҳо ягон бонуи сароянда набаромад?

-Шахсан ман намехоҳам, ки ягон духтари авлодамон сароянда шавад,чунки саҳна ҷойи зан нест...

-Чунон гап мезанед, ки гӯё дар асри 15 зиндагӣ мекарда бошед...

-Сарфи назар аз он, ки дар кадом аср зиндагӣ мекунем, ҷомеаи мо ба занҳои сароянда назари манфӣ дорад. Мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем, на дар Амрико, инро набояд фаромӯш кард. Касбҳои ба занҳо мувофиқ пур, бигзор духтур шаванд, муаллима шаванд, то ки мардум дар ҳаққашон ҳар рӯз ягон овозаи нав набофанд...

Дипика Падуконе 5-уми январи соли 1986 дар шаҳри Копенгагени пойтахти Дания чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Сари-актрисаро-аз-танаш-ҷудо-мекунанд


 


 -Саволи охирин...

-Истед, медонам чиро пурсиданиед: кай тӯй мехӯрем?

-Қурбони аҳли фаҳм шавам!

-Ман як бор хеле ҷавон, дар 20 солагӣ оиладор шуда ба қавле “шатта”-и ба зиндагӣ тайёр нашуда, ба идораи ЗАГС давиданро хӯрдам. Шукронаи Нуруллобекамро мекунам, аммо дигар “хомсӯз” шудан намехоҳам. «Моргазида аз ресмони ало метарсад» гуфтаанд, намехоҳам дубора хатоямро такрор намоям. 

-Ақаллан бигӯед, ки ин дафъа арӯси хонашин мегиред ё босавод?

-Мард бесавод бошад, оила бесавод мемонад, зан бесавод бошад, ҷомеа бесавод мешавад, барои ҳамин ман ҳамсари соҳибмаълумот доштан мехоҳам, вале боз вақт нишон медиҳад, ки Худованд тақдири Ҷонибеки Муродро бо кӣ мепайвандад!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
махноз 2019-10-06, 19:05
кунлеси чи даркор бародаро
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
махноз 2019-10-06, 19:05
кунлеси чи даркор бародаро
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД