Arzon march 2024
Онро аз Роштқалъа ба Мурғоб интиқол доданд
348

Бабри барфӣ дар ноҳияи Роштқалъа 14 сар чорвои хонагии як сокини деҳаи Намадроҷро куштааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳодиса рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 07:46 рух дода, озодапаланг ба оғили сокини деҳаи Намадроҷи ҷамоати Тусён ворид шудаааст ва 9 сар буз, 5 сар гӯсфандро кушта, 1 сар гӯсоларо захмӣ кардааст.

Гуфта шуд, ки худи бабри барфӣ аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилоят аз дохили оғилхонаи шаҳрванди мазкур дастгир карда шуда, ба ноҳияи Мурғоб интиқол дода шуд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар Тоҷикистон куштани озодапаланг мамнуъ буда, барои шикори ғайриқонунии он ҷавобгарии сангин муқаррар шудааст. Тибқи Кодекси ҷиноятии кишвар барои шикор ё қасдан нобуд кардани бабри барфӣ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё то 2 соли корҳои ислоҳӣ ё то 3 соли маҳрумият аз озодӣ муқаррар шудааст.

Ёдрас мешавем, ки, бабри барфӣ аз ҷумлаи ҳайвоноти нодирест, ки дар баландиҳои зиёда аз 3000-4500 метр зиндагӣ мекунанд ва саршумори он дар Тоҷикистон аз 280 то 300 сарро ташкил медиҳад.

Моҳи августи соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як бунгоҳи офиятбахшӣ ва парвариши озодапаланг фаъол шуд, ки ҳадафи таъсиси он дармону офиятбахшии ҷонварҳои нодир, аз ҷумла бабри барфӣ мебошад.

Донишмандон мегӯнд, ки тахминан 10 ҳазор бабри барфии болиғ дар саросари ҷаҳон боқӣ мондааст. Аксари ин гунаҳои ҷонвар ба сабабҳои шикор, нобудии маҳалли зист ва танг шудани майдони будубошашон ба нобудӣ расидаанд.

Дар ҳамаи кишварҳое, ки ин озодапаланг ҳаёт ба сар мебарад, аз ҷумла дар Тоҷикистон чун ҳайвони дар ҳоли нобудиву инқироз ба Китоби Сурх шомил карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД