formula
ОШИҚОНРО ДАР МОҲИ ОКТЯБР ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?
3523

Ҳамал

Ҳамалҳои муҷаррадро дар моҳи октябр шиносоии тақдирсоз интизор аст. Шиносоӣ бо муҳаббати пур аз ҷӯшу хурӯш оғоз ёфта, анҷоми нек ба бор меорад. Эҳтимоли оиладор шуданатон вуҷуд дорад. Нафарони оиладор аз дастгириву муҳаббати ёри худ ба парвоз меоянд. Пайванди шумо рашку ҳасади атрофиёнро бедор месозад.

Телец

Зодагони мучали саврро шиносоии гуворо интизор аст. Барои шумо моҳи пур аз муҳаббату эҳсосоти наҷиб фаро мерасад. Имконияти хуби оғоз намудани муҳаббати нав фаро мерасад. Нафарони оиладор бояд аз фиребу найранги ёри худ ҳушёр шаванд. Ба касе имкон надиҳед, ки ба ҳаёти шумо дахолат намуда, маслиҳатҳои ноҷо диҳад.

Ҷавзо

Нафарони муҷаррадро бахти сафеду рӯзгори обод дар пеш аст, моҳи бахту барорро аз даст надиҳед. Нафароне, ки бахти худро ёфтаанд, аз муноқиша бо ҳамсафари ҳаётӣ худдорӣ карданашон лозим аст. Сабаби муноқишаву нофаҳмиҳои сарзада мушкилоти молиявӣ ё ташвиши рӯзгор аст. Эҳтимоли муваққатан нисбати якдигар сарду беилтифот шуданатон вуҷуд дорад.

Саратон

Нафарони муҷаррад ба шарте имкони пайдо намудани муҳаббати худро доранд, ки хеле ташаббускору ҷасурона амал намуда, ҳунари дилёбӣ дошта бошанд. Нафарони оиладор нисбати шарики умр самимияту дилгармии бештар эҳсос мекунанд. Туҳфаву табъи болида пайванди шуморо қавитар месозад.

Асад

Нафарони муҷаррад дучори шубҳаву гумон мешаванд. Тақдир шуморо бо нафароне дучор месозад, ки барои муносибатҳои ҷиддитар омода нестанд. Аз чунин гардиши қисмат асабиву норозӣ шавед ҳам, таҷрибаи хуб мегиред. Нафарони оиладор гирифтори нофаҳмӣ мешаванд. Дар сари қаҳру ғазаб ба коре, ки боиси оилавайрониятон мегардад, даст назанед.

Сунбула

Сунбулаҳои муҷаррад дар муносибатҳои ошиқона таваққуфро эҳсос мекунанд. Беҳтараш тамоми нерӯи худро ба касбу кор равона созед. Моҳи хубест барои рушди шахсият ва пешравиҳо. Нафароне, ки бахти худро пайдо намудаанд, дар ин моҳ меҳру дилбастагӣ эҳсос мекунанд. Шуморо ҳодисаҳои хушу гуворо, туҳфаҳои деринтизор ва навгониҳо интизор аст.

Мизон

Нафарони муҷаррад бояд эҳтиёткор бошанд. Агар ба наздикӣ ошиқ шуда бошед, аз муноқишаву нофаҳмӣ амон намеёбед. Нерӯи худро ба касбу кор равона сохта, аз шиносоиҳои тасодуфӣ худдорӣ намоед. Нафарони оиладорро лозим меояд, ки ба дахолату маслиҳати ноҷои дӯстону наздикон роҳ надиҳанд. Эҳтимоли сар задани рашк, муноқиша ва нофаҳмӣ вуҷуд дорад.

Ақраб

Агар шумо ҳанӯз ҳам муҷаррад бошед, дар ин моҳ таваҷуҳи нафарони зиёдеро аз ҷониби ҷинси муқобил эҳсос мекунед. Октябр моҳи ишқу муҳаббати шумост. Нафарони оиладор дучори муноқишаву нофаҳмӣ мешаванд. Дар сари қаҳру ғазаб ба бахту сарнавишти муносибатҳои ошиқонаи худ нуқта нагузоред.

Қавс

Нафарони муҷаррад бояд ба тағйирот омода бошанд. Шуморо шиносоиҳои зиёду ишқбозӣ дар пеш аст. Чунин таваҷҷуҳи сахти намояндагони ҷинси муқобилро кайҳо боз эҳсос накарда будед. Онҳое, ки бахти худро ёфтаанд, нисбати ҳамсафари ҳаётӣ дилгармии хосаро эҳсос мекунанд.

Ҷаддӣ

Ҷаддиҳое, ки муҷаррад ҳастанд, имкони пайдо намудани бахти худро доранд. Моҳи бахту барорро аз даст надиҳед. Нафарони муҷаррадро низ моҳи пур аз шодиву нишот интизор аст. Дастгирии шахси дӯстдошта дар зиндагиву касбу кор мурғи умедро дар қалбатон зинда месозад.

Далв

Шахсони муҷаррад ба шиносоии ошиқона бояд омода бошанд. Шуморо муҳаббати поку беолоиш, шодиву нишоти беандоза дар пеш аст. Нафарони оиладор бо ҳамсафари ҳаётӣ муноқиша карданашон имконпазир аст. Тақдири худро дар сари қаҳру ғазаб ҳал накунед.

Ҳут

Беҳтар аст, ки нафарони муҷарради мучали ҳут тамоми нерӯи худро ба касбу кор равона созанд. Нафароне, ки дӯстдошта доранд, дучори муноқишаву нофаҳмӣ мегарданд. Ба рашки ёри худ имкон надиҳед, вагарна то охири моҳ аз муноқишаву нофаҳмӣ халосӣ намеёбед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД