Варзишгари тоҷик Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 соҳиби медали тило гардид. Ӯ дар намуди санъати муҳорибаҳои омехта дар вазни то 65 кг баромад карда, дар рақобати ниҳоӣ намояндаи Филиппин Жан Клод Саклагро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд.
Раҷабов дар даври ниҳоӣ рақобатро боэътимод анҷом дода, бартарии худро то анҷоми муҳориба нигоҳ дошт. Бо ин пирӯзӣ ӯ ба зинаи аввали мусобиқа баромада, унвони қаҳрамони Бозиҳои Осиёӣ-2026-ро соҳиб шуд.
Медали тилои Отабек Раҷабов дуюмин медали тилои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии имсола ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, ин медал ҳаштумин тилои Тоҷикистон дар таърихи иштироки кишвар дар Бозиҳои Осиёӣ мебошад. Қаблан Дилшод Назаров дар гурзандозӣ се медали тило, Ҷаҳон Қурбонов ва Давлат Болтаев дар бокс ду медал, Сомон Маҳмадбеков дар ҷудо ва Мирзобек Умаров дар санъати муҳорибаҳои омехта яктоӣ медали тило ба даст оварда буданд.