Зиндагӣ барои Озар аз ҳамон рӯзе ранг дигар кард, ки алифборо нав хатм намуда буд. Падараш Хуршед бо як ҷомадони пур аз умед ба Русия рафт, аммо дар он ҷо миёни издиҳоми шаҳрҳои азим ва чеҳраҳои бегона на танҳо роҳи бозгашт, балки роҳи дили фарзандонашро низ гум кард.
Мегӯянд, ки мардон дар муқоиса бо занон сангдилтар ва зудфаромӯшхотиранд. Хуршед низ накҳати нони гарми ҳамсари меҳрубонашро бо бӯйи шаҳрҳои сард иваз кард ва бо зане дигар зиндагии нав оғоз намуд.
15 сол гузашт. Панҷараҳои хонаи Озар дигар бӯйи падарро фаромӯш карда буданд. Озар ва хоҳараш Маҳина дар зери сояи ғам, вале бо сари баланд қомат афрохтанд. Рӯзе Озар бо ҳазор тапиши дил рақами падарашро пайдо кард ва бо садои ларзон гуфт:
- Падар, мо ҳастем, мо зиндаем. Магар дар гӯшаи хотиратон барои мо гӯшае боқӣ мондааст?
Ин садои пур аз гила гӯё сангеро дар дили падар ҷунбонд ва ӯ гоҳ-гоҳ ба фиристодани маблағ сар кард. Аммо пули фиристодаи ӯ ҷойи холии сари дастархонро пур карда наметавонист.
Имсол Озар тасмим гирифтааст: ӯ ба Русия меравад, на барои пул, балки барои он ки ба чашмони падараш нигоҳ кунад ва бипурсад, ки чаро?
Тақдири Беҳзод низ мисли оинаи шикастаест, ки дар ҳар порааш дарди ҷудоӣ метапад. Падари ӯ Карим чор тифли худро дар интизории як луқма нон гузошту рафт. Хабарҳо мисли боди сард омаданд: Карим зани дигар гирифтааст.
Беҳзод борҳо ба падар занг зад. Падар ҳар бор бо лаҳни дилпуркунанда мегуфт:
- Писарам, тирамоҳ меоям.
Аммо тирамоҳ рафту баргҳои зард рехтанд, барфҳои зимистон об шуданд, баҳору тобистон ҳам гузаштанд, вале аз Карим дараке нашуд.
Имрӯз Беҳзод ҷомадони худро бастааст. Ӯ на барои тамошои зебоиҳои Маскав, балки ба ҷустуҷӯи нишонии гумшудаи падар равона аст...
Дар охир мехоҳам аз ҳамаи он падароне, ки дар вақти тифлӣ дасти писаронашонро нагирифтаанд ва онҳоро дар нимароҳи сахтиҳои зиндагӣ танҳо гузоштаанд, як чизро бипурсам:
- Оё воқеан умед доред, ки дар пирии ларзон ва рӯзҳои бекасӣ ин писарон асои дасти шумо хоҳанд шуд?
Зиндагӣ қарз аст ва ҳар амал бозгаште дорад. Дасте, ки имрӯз тифлро навозиш намекунад, набояд фардо аз ҷавон мадад бихоҳад.
Шаҳлои НАҶМИДДИН