formula
ПАРВОНАИ ТОҶИДДИН: БА ХОТИРИ САДРИДДИН ДАР ДУБАЙ КЛУБ КУШОДАМ!
7354


Парвонаи Тоҷиддин, хоҳари Шабнами Тоҷиддин ва фарзанди яке аз поягузорони мусиқии эстрадии тоҷик зиндаёд Тоҷиддини Муҳиддин баъди 16 соли муҳоҷират ба Тоҷикистон баргашт.

Тӯли ин солҳо Парвона ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш дар як қатор кишварҳои хориҷӣ ба монандӣ Эрон, Теҳрон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Дубай зиндагӣ кардааст. Духтари ҳунарманди шинохта сабаби беш аз 16 сол аз Ватан дур будани худро талош барои сохтани як зиндагии шоиста маънидод намудааст.

Парвона дар як сӯҳбати видеоияш қайд кардаст, ки ӯро бештари вақт хумори Ватан мегирифт ва дилаш барои зодгоҳаш гум мезад. Мехост болу пар бароварда ба сӯйи Ватан парвоз кунад, вале муҳаббати шавҳар ва фарзандонаш ӯро боз медошт.


Парвона ҳамчунин дар бораи вохӯриаш бо ситораи №1-и эстрадаи муосири тоҷик Садриддини Наҷмиддин дар канали «МЕҲРОБ ПРО» қисса карда, чунин мегӯяд:
“ Як шом бо шавҳарам ва дӯстонашон ба ғизохӯрӣ рафтем. Баногоҳ чашмам ба Садриддин ва дастаи навозандаҳояшон афтод. Онҳоро аз хурдӣ мешинохтам, чунки бо раҳматии падарам рафту омад доштанд. Ҳис кардам, ки нороҳатӣ доранд, пурсидам, ки ягон мушкилӣ доред? Маълум шуд, ки онҳо бешартнома барои консерт додан ба Дубай омадаанд. Ин маро бисёр мутаассир кард ва бо кӯмаки шавҳарам дар як муддати кӯтоҳ клуб пайдо карда, консерташонро ташкил кардем. Ҳамин тавр мушкилашонҳал шуд ва ҳамин сабаб гашт, ки клуби шахсии худро кушоям.»

Дар сӯҳбат Парвона ҳамчунин аз падари шодравонаш ёд карда, чӣ тавр тавлид шудани суруди машҳури “Як ханда кун, эй гул”-ро қисса кардааст.

“Вақте дандонамро кандам, дар утоқи кориашон хобам бурдаст. Вақте бедор шудам, пурсиданд:” Хести очаҷон?”. Ҳо, дада гуфтам. Падарам хандида гуфтанд, ки барои дандонаки ту як шеър эҷод кардам ва дафтарашонро кушода ба хондан оғоз карданд:
Як ханда кун, эй гул, лаби хандоната садқа,
Эй писта даҳон зираи дандоната садқа...
Парвонаи Тоҷиддин бо санъаткорон ҳамкори эҷодӣ дорад ва гоҳо худаш ҳам суруд мехонад. Ин зебсанам муаллифи суруди “Ҷони ман” мебошад.

Қобили зикр аст, ки Шабнами Тоҷиддин, апаи Парвонаи Тоҷиддин низ баъди панҷ соли аз саҳна дур шудан, дубора ба саҳнаи тоҷик баргашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД