Dostoni ishqi man
Писарам ҳамсояро дада мегӯяд
1020

(Дарди дили зани муҳоҷир)
Очаҷон, ман ба шумо монандам ё ба дадам?-доимо мепурсад Умедҷон, писарчаи чорсолаи ҳамсояамон Санавбар аз модараш.
Зани бечора “нисфат ба ману ниммаи дигарат ба дадат”-гӯён, як ҷавоби муғлақ медиҳад, аммо вақтҳои охир ба ин саволи Умедҷон як саволчаи дигар зам шудааст, ҳа зам:
-Падарам сиёҳпӯстанд ё сафедак?
Ин саволи бача зани бечорар гоҳ механдонаду гоҳи дигар мегирёнад, зеро худаш ҳам чанд сол боз шавҳарашро надидааст ва чеҳраашро чандн дар ёд надорад.
-Гӯр сар сари ҳамин муҳоҷирату сафаркунии мардҳо. Одам аз дасти руссияравак шуданҳои мард дурӯғгӯ шуда мемонад. Писарам дар як рӯз 10 савол диҳад, албатта 8-тои он дар бораи падараш аст. Ман ҳам маҷбурам, ки барои дили нозуки бачаякамро наранҷонидан ягон гап бофта, кӯдаки бечораро фиреб кунам. Як рӯз дар телевизер як марди хушбурутро нишон дданд. Бечора бачаам хурсанд шуда “дадаҷонам ҳамин кас ми?” гуфта пурсид. Ман ҳам шӯхӣ карданӣ шуда, ҷавоб ддам, ки ҳа, дадаат ана ҳамин одам аст. Кӯдак ба гапам бовар карда, ба ҳама ҳаққу ҳамсояҳо гуфтааст, ки дирӯз дадаҷони маро дар телевизор нишн доданд. Вай то ҳол дар назди меҳмонҳо худнамоӣмекунад, ки дадаи ман одами зӯр аст, ӯро дар телевизор нишон дода буданд. Бовар кунед, замин намекафад, ки аз шарм дароям,-дарду ҳасрат мекунад ҳамсоязан.
Ба гуфти Санавбар баъди фотеҳа шуданашон рассо 10-моҳ домод дар Руссия будааст ва аз ин фориғмасалии тарафи қудо хавотир шуда, волиони ӯ фотиҳаро гардонданӣ шудаанд, аммо тақдиру насиб рафта будаасту билохира зану шавҳар шуданд.
-Вақте ки шавҳарам азми сафари Русия кард, ин бачае, ки рӯз то шаб саволборонам мекунад, дар батнам 5-моҳа буд. Ана, бинед, писарам аллакай мактабхон шудааст, вале то ҳол боре ҳам рӯйи падарро надидааст. Аз ҳама аламовараш он аст, ки як рӯз Умедҷон ҳамсяи навамнро дида“дадаҷони ман шумо-мӣ?”-гӯён, рафта ӯро оғӯш кард. Ҳазор кӯшиш кардам, ки ба тезӣ писарамро аз оғӯши марди ҳамсоя гирифта ба хона орам, аммо “не, ман ба дадаҷонам меравам” –гӯён бача якравӣ кардан гирифт. Бо сад азоб, кӯдаки бечораро задаву кӯфта ба хона вардам ва дарр аз дарун маҳкам карда, худам ҳам қатори писарам зор-зор гиря кардам. Магар ҳамин ҳам рӯз шуд, охир наход, ки мард дар 7-8 сл як бор омада аз ҳли зану фарзандаш хабар нагирад. Рост аст, ки кам-кам пул мефиристад, вале охир ману писарам инсон ҳастем, гов нестем, ки бо ему хошк қаноат карда гардем. Диламон меҳру муҳабат ва навозиш мехоҳад,-мегӯяд Санавбар бо чашмони пуроб ба модарам дарди дил карда.
-Санавбарҷон, охир ҳамсояи наватон мисли урусҳо заб-зарду писари ту сабзина –ку, барои чи марди ҳамсояро дада гуфта, худашро ба оғӯши ӯ партофтааст,-пурсиданд мдарам кунҷковона.
-Эҳ, ҳамааш айби ман, як рӯз Умедҷон ҷонамро ба лабам овард, ки дадаҷонам сиёҳак аст ё сафедак, ман ҳам сари қаҳр гуфтам, ки пештар сиёҳак буд, вале чанд сол бо занҳои урус гашта, зардак шудагист. Бача ҳамин гапро дар гӯшаш ҳалқа карда будааст, барои ҳамин ҳамсояи навро бо ҷомадон дида, гумон кардааст, ки дадаҷонаш аз Русия омад. Писаракам худро ба оғӯши марди бегона ҳаво дода, сару рӯи ҳамсояро чунон бо меҳру муҳаббат мебӯсид, ки шояд фарзандони худаш ягон маротиба чунин меҳрубонӣ накарда буданд.
Санавбар ин гапро гуфта хандид, вале хандаи ин ҷавонзани ба қавли худаш шавҳардори бе шавҳар пур аз дард буд....
Санавбар рост мегӯяд, кӯдак кӯдак аст ва ба ӯ фаҳмонда намешавад, ки ба хотири гурусна намондани аҳли оилааш падарат ночор рӯ ба мусофират оварда, мулки ғурбатро Ватан кардааст, то чор танга пул кор кунад. Пуле, ки бар ивази дарди гарони ҷудоӣ аз зану фарзанд ба даст меорад. Ноне, ки аз пули муҳоҷират ба даст меояд, мисли арра ба ҷавшани ҷони зану фарзандони мардони муҳоҷир мехалад, вале чи илоҷ зиндагӣ ҳамин аст...
ФАРЗОНА МУРОДӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД