Arzon march 2024
Писарам зан гирифту бегона шуд
1609

Саломи худро ба кормандону алоқамандони ҳафтаномаи “Оила” мерасонам. Ман як модари аламдида ҳастаму дар зиндагӣ азобҳои зиёдеро паси сар намудаам. Аслан мақсади ба ҳафтанома муроҷиат карданам фарзанди худро танқид кардан нест.

Зиндагиамро барои он қисса кардан мехоҳам, ки барои дигар ҷавонон дарси ибрат шаваду нисбати модарони худ ҷабру ҷафо накунанд. Гап сари он аст, ки вақте писарамро оиладор кардам, баъди зангирӣ тамоман бегона шуд. Ҳар шом барои занаш халта-халта шириниву мева ва хӯрданиҳои лазиз меораду боре маро суроғ намекунад. Рӯзҳое мешавад, ки нимгурусна хоб мераваму як сухани хуб аз писар намешунавам.

Келинам дар ҳузури писарам худро нисбати ман хеле меҳрубон нишон медиҳад, вале ҳамин ки фарзандам аз дари хона берун шуд, аз забонаш заҳр мерезад. Айни замон писарам зориву тавалло дорад, ки хонаи аз шавҳарам мерос мондаро фурӯхта, барояш дар пойтахт хона харидорӣ намоям. Вақте ки ба ӯ ҷавоби рад додам, бо ман қаҳрӣ кардаасту гап намезанад.

Ҳоло келинам бо баҳонаи ҳомиладорӣ дар хонаи волидонаш аст. Аз ҳоли ман пайваста ду духтарам, ки шавҳардоранд, хабар мегиранду хӯрок пухта, барои тасаллои дилам як-ду рӯз меҳмон шуда, боз ба хонаҳои худ бармегарданд.

Имрӯз ба сарам сапедӣ дамида, дарк намудам, ки бибиам беҳуда намегуфтаанд, ки “Писар моли зан асту духтар меҳрубони падару модар!”
С. Р.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД