formula
ПУЛИ ЧИПТААМРО ЧӢ ГУНА БАРАГАРДОНАМ?
1582

 

Ман Дилшод, аз ш. Ваҳдат ҳастам. Имсол донишгоҳро хатм карда, нақша доштам ба шӯъбаи магистратураи ҳамин донишгоҳ ҳуҷҷат супорам.

Аммо баъд аз оне, ки қонун дар бораи ба хизмати ҳарбӣ рафтани ҷавонони дорои маълумоти олӣ имзо шуд, аз фикрам гаштам. Акнун дар сари ман танҳо фикри муҳоҷират афтода буд.

Агар ман як сол ба хизмати ҳарбӣ равам, оилаи маро кӣ мехӯронад? Ҳамин саволҳо майнаи сарамро хароб карданд ва тасмим гирифтам барои гирифтани чипта ба фурӯдгоҳ равам. Он рӯзҳо намедонам, ба фикрам авҷи сеюми коронавирус буд, ки маҷбур шуда, барои гирифтани маълумотнома ба беморхона рафтам. Маълумотномаро гирифтам ва бо аҳли оила хайрухуш карда, ба фурӯдгоҳ рафтам. Он ҷо маълумотномаи маро дида, гуфтанд, ки нишонаҳои Covid-19 дорӣ. Хулоса, боз ба хона баргаштам. Ҳоло дар хона як моҳ боз бистарӣ ҳастам. Аммо намедонам чӣ гуна маблағи чиптаамро баргардонида гирам. Шояд нафаре ба мисли ман ба чунин ҳолат гирифтор шуда бошад. Хоҳиш мекунам, дар ҳалли мушкилам ба ман кӯмак расонед.

Дилшод, аз ш. Ваҳдат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД