Dostoni ishqi man
ПУЛКОРКУНӢ ДАР РУСИЯ ОСОН ШУД, ВАЛЕ...
5102


Ман Мурод, як муҳоҷири меҳнатӣ аз шаҳри Екатеринбурги Русия. Аслан аз ноҳияи Хуросон ҳастам ва мисли дигар ҷавонмардони тоҷик дар Русия пул кор карда, зиндагии аҳли хонаводаамро пеш мебарам.

Ёдам ҳаст, ки пештар, то хурӯҷи коронавирус чи қадар дар пайдо кардани кор душворӣ мекашидем. Азбаски ду-се бригада будем, рақобат хеле шадид буд ва баъзан маҷбур мешудем, ки дар ба дари русҳо гашта пурсем, ки ягон кор доранд, ки анҷом диҳем ё не. Ҳолатҳое мешуданд, ки ҳафтаҳо бе кор монда, ҳатто нони хӯрдан намеёфтем, вале баъди хурӯҷи пандемия вазъият ранги дигар гирифт.

Аксари муҳоҷирон Русияро тарк намуданд ва пайдо кардани коргар душвор шуд. Акнун худи русҳо дар кӯчаҳои шаҳр “Работа не нужна?” гӯён, муҳоҷир мекобанд, то корҳои хоҷагиашонро ба сомон расонанд. Кор хеле зиёд ва даромаданамон хуб шудааст, аммо ҳар боре, ки қабза-қабза пули русиро ба даст мегирам, беихтиёр андешае ба сарам мезанад, ки шояд ин ризқи як муҳоҷири дармонда дар ватан аст, ки ман гирифтам ва хиҷолат мекашам.

Бародарони муҳоҷир, биёед, дар ин ҷо ба ҳама кор мерасад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД