formula
Раҳим Саидзода аз мактаби нав дидан кард
156

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар, рӯзи 24- феврал ба ноҳияи Шаҳритуз сафар карда, аз бинои навсохти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ин ноҳия дидан намуд.

Мактаби нав 2 ошёна буда, аз 8 синфхона, синфхонаи махсус барои гурӯҳи инкишофи кӯдак ва ҳуҷраи омӯзгорон иборат мебошад ва барои 240 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар бино пурра ба охир расида, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ идома дорад. Рӯзҳои наздик муассиса ба истифода дода мешавад.
Вазири маориф аз сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, зимни суҳбат бо омӯзгорон ва масъулин сохтмони чунин биноро барои таълиму тарбияи насли наврас зарур донист.

Раҳим Саидзода дар боби гирифтани пеши роҳи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассиса, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил ва дастгирии омӯзгорони ҷавон сухан ронда, таъкид намуд, ки омӯзиши забонҳои русиву англисӣ яке аз талаботҳои асосии замони муосир мебошад.

Вазири маориф ва илми кишвар ҳамчунин дар боби иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизам” ва иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм супоришҳои қатъӣ дод.

“Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллалӣ сохта ба истифода дода шуда истодааст. Аҳли маорифи ноҳияро мебояд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириҳо ба таълиму тарбия диққати ҷиддӣ диҳанд”-навиштааст сомона Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Айни замон дар ноҳияи Шаҳритус сохтмони 5 муассисаи таълимӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва сохтмони 6 муассисаи таълимии дигар бо саҳми падару модарон идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД