Arzon march 2024
Раҳим Саидзода: Донишҷӯён берун аз дарс ба роҳпаймоӣ фаро гирифта мешаванд
05.02.2024
Мирсаид
199

 

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, гуфт, имсол донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз ба роҳпаймоӣ ҷалб карда мешаванд.

«Донишҷӯён берун аз дарс ба роҳпаймоӣ фаро гирифта мешаванд», - гуфт, вазир ва таъкид кард, ки таҳсил дар мадди аввал меистад.
Як манбаъ аз Вазорати фарҳанг низ ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, шуруъ аз имрӯз аллакай дар баъзе аз мактабҳои олӣ сафарбарии донишҷӯён оғоз шуд.

“Донишҷӯёне, ки баъди нисфирӯзӣ дарс доранд, қисмати саҳар машқ мекунанд. Донишҷӯёни саҳархон нисфирӯзӣ ба машқ мераванд”, - гуфт манбаи мо бе зикри ном.

Бояд гуфт, ки ҷалби донишҷӯён ба чорабиниҳои идона ё “маршировка” ҳамеша ҷанҷолбарангез буда, волидон инро омили қафо мондани фарзандонашон аз дарс медонанд. Масъулини донишгоҳҳо бошад, аз имтиёзҳои балгирӣ то супурдани имтиҳонҳо мегӯянд.

Тақрибан 3 сол пеш Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳан, мисол оварда буд, ки ду ҷавон, ба ӯ изҳори сипос карда, гуфтаанд, якдигарро дар маршировкаҳо пайдо кард, оиладор шуданд.

Вай гуфта буд, ки аксари донишҷӯён дар чорабиниҳои давлатӣ, ё ба истиллоҳ “маршировка”-ҳо бо хоҳиши худ меоянду иштирок мекунанд ва то ҳол аз ҳеҷ як донишҷӯ дар "маршировка"- ҳо норозигӣ баён накардааст, балки баръак изҳори сипос мекунанд.

“Ман аз таҷрибаи худам мегуям, ки бо донишҷӯён ҳамроҳ дар ин маршировкаҳо иштирок мекунам, то ҳол, ман аз ягон ҷавон ҳеҷ як калимаи қабеҳ ё норозигӣ нисбати давлат, миллат ва чунин чорабинӣ нафаҳмидаам. Баръакс ҷавонон ба наздам меоянд мепурсанд кай маршировкаҳо шурӯъ мешаванд, то ки иштирок намоем”, - гуфта буд муовини вазир.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД