arzon replenishment
РАИСАМ ЧАШМИ ДИДАН НАДОРАД
4429

 Корхонаи мо давлатӣ аст. Роҳбарамон шахси хуб ва ғамхору раҳмдил аст. Намедонам ба ӯ аз номи ман кӣ чӣ мегӯяд, ки гоҳе пӯстинашро чаппа пӯшида ба сарам дод мезанаду гоҳи дигар аз ӯ дида одами хоксору фурутан нест.

Гуноҳи ман ҳамин аст, ки ба кор дер меоям, чунки хонаи мо аз шаҳр берун асту то ба коргоҳ омадан қариб ним соат дер мекунам. Дигар кормандон ҳам ба кор дер меоянд, бо ҳар масъала ба утоқҳои дигар мераванд, гап мезананд, механданд, вале ман чун дер кардам, раис дарҳол маро ба утоқи кориаш даъват карда, аз боби тартибу интизом гап мезанаду таъкид мекунад, ки қонуну қоидаҳои ҷории корхонаро риоя кунам. Намедонам корам бӣа ӯ писанд нест ё ситораам бо итораи расисам муносиб намеояд, ки мудом маро меранҷонад. Шояд мехоҳад, ки ман аз кор равам?  Шумо чӣ мегӯед?

Маслиҳат:

Агар эҳсос карда бошед, ки дар ҳақиқат сардор кор кардани шуморо дар корхонааш намехоҳад, беҳтараш аз паи дарёфти кори дигар шавед. Бигзор он кори муваққатӣ башад. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки ҳам кор кунед ва ҳам кори дилхоҳатонро пайдо намоед. Чизи дигар: сардорро ба назар гирифтанатон лозим аст. Шояд вай дар симои шумо мутахассиси умедбахшеро дида бошаду бинобарин мехоҳад корро беҳтар аз худ намоед. Ба кор дер накарда оед ва ҳангоми кор бо дигарон гапзанон карда нашинед. Ба супоришҳои сардор бодиққат бошед ва хуб иҷро кунед. Ҳар чизеро, ки намедонед ё намефаҳмед, аз сардори шӯъба ё сардори идора пурсед. Ба сардор кӯшишҳо ва масъул буданатон аён гашта, аз шумо розӣ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД