Formula september
Раиси Кумитаи тафтишотии Россия ба муқобили муҳоҷирони меҳнатӣ баромад
761

 

Александр Бастрикин, Раиси Кумитаи тафтишотии Федератсияи Россия муқобили муҳоҷирони меҳнатӣ баромад карда, гуфтааст, тамоми муҳоҷиронро аз Россия берун кунед ва марзҳоро бандед...

Дар анҷумани намояндагони мақомотҳои қудратии Россия, ки ҳафтаи равон баргузор гашт, Александр Бастрикин, Раиси Кумитаи тафтишотии Россия пешниҳод намудааст, ки тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ аз Россия бароварда шуда, марзҳои кишвар ба пуррагӣ баста шаванд.

Ба гуфти Бастрикин шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвар аз ҳад зиёд шудааст ва ин барои Россия хатарнок аст. Раиси Кумитаи тафтишотии Россия гуфтааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ вазъиятро ноором сохта ба иқтисодиёти кишвар на фоида, балки зарар мерасонанд.

Бастрикин бар он ақида аст, ки танҳо шахсони бо диаспораҳо ҳамкории зич дошта ба нигоҳ доштани муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия ҳавасманданд.

“Андешаи он ки муҳоҷирони меҳнатӣ қувваи арзонӣ корӣ ҳастанд, комилан ғалат аст. Музди меҳнати муҳоҷирон кайҳо бо маоши шаҳрвадони Россия баробар шудааст. Ҷо ба ҷо кардани муҳоҷирон ва таъминоти онҳо бо зану фарзандонашон барои Россия хеле гарон меафтад. Беҳтар аст, ки ба ҷойи муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони худи Россияро бо кор таъмин намоем. Ин сатҳи бекориро дар кишвар коҳиш медиҳад, бар замми ин, арзонтар ва безарар аст”-гуфтааст Александр Бастрикин.

Аммо кормадони дигари мақомотҳои қудратии Россия ин пешниҳоди Бастрикинро дастгирӣ накарда ба тарафдории муҳоҷирони меҳнатӣ баромад кардаанд. Дар ин бора dzen.ru хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД