arzon replenishment
Рашки хушдоман ҳаётамро сӯхт Қисми 1
21.05.2022
ОИЛА
1769

 

Чашми ошиқ кӯр

Ману шавҳарам Шаҳзод бо ишқу ошиқӣ хонадор шуда будем. Волидонам “ин оила ба мо муносиб нестанд” гӯён, дар аввал зидди издивоҷи мо буданд, вале ману Шаҳзод пофишорӣ карда, бо ҳам оиладор шудем. “Ман худам рафта, ба хонаи Шаҳзод медароям” гуфта, падари норозиамро розӣ кардам ва дуои эшонро гирифтам.

Бехабар аз он ки рӯземани беақл аз кори кардаам сад бор пушаймон мешавам.

Таъриф ба кӣ мефорад?

Ҳамин тавр маро ба дӯстдоштаам фотиҳа карда, бо ҷиҳози фаровон ба хонаи бахтам гусел намуданд. Азбаски Шаҳзодро аз ҷонам бештар дӯст медоштам, хизмати волидонашро бо ҷону дил адо намуда, аз субҳ то шом меҷунбидам. Хонаи хусурам сермеҳмон буд, мани арӯсак ҳар одами аз дар даромадаро бо лаби пурханда пешвоз гирифта, чолокона дастурхон мекушодам ва дар як дам чанд намуд хӯришу хӯрокҳои лазиз мепухтам. Хешу табори хушдоманам ба кору рафтори ман диққат дода мегуфтанд:

-Дар ҳақиқат Шаҳзод чашми харидор доштааст. Дар ин замона чунин арӯси парӣ барин хушрӯй ва бо дасту панҷаро ёфтан амри маҳол аст. Худо ба шумоён додааст...

Каси дигар мебуд, шояд бо шунидани ин суханон курта-курта гӯшт мегирифт, вале...

Рашки хонасӯзи хушдоман

Эҳсос мекардам, ки маро таърифу тавсиф намудани ҳаққу ҳамсоя ва хешу таборашон ба модари Шаҳзод намефорад. Ин гапҳо рашки хушдоманамро меоварданд ва мисли мори афъӣ баъди рафтани меҳмонҳо бо ҳар баҳона ба кору борам эрод гирифта, маро неш мезад. Барои он ки меҳмонҳо ҳусну ҷамол ва ҳунармандии маро ситоиш намуда, ғазаби модаршӯямро наоранд, кӯшиш мекардам, ки худро камтар ба онҳо нишон диҳам. Хӯроку хӯришҳоро тайёр карда, ба лаълӣ мегирифтаму аз хоҳаршӯям хоҳиш менамудам, ки худаш бурда,дар назди меҳмонҳо гузорад, вале бо ин роҳ низ дили хушдоманамро ёфта натавонистам...

 

Зулми хушдоман

Худованд ба мо зуд фарзанд дод. Шавҳарам аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, ман низ шод будам, ки шояд туфайли ҳамин тифл муносибати хушдоманам бо ман тағйир ёфта, каме меҳрубонтар мешавад, вале хушхабари ба наздикӣ бибӣ шуданаш модаршӯямро бештар девона кард. Модари Шаҳзод аз он дар ғазаб буд, ки чаро духтари панҷ сол пеш ба шавҳар баромадааш то ҳол кӯдак надораду ман бошам, як сол нагузашта ҳомиладор шудаам. Бинобар ин, корҳои вазнинтаринро ба мани ҳомиладор мефармуд, шояд мехост бо ҳамин роҳ кӯдакам афтида, лолу музтар гардам!?

 

Бачаи ба пою қадам

Ҳамин тавр аз байн нуҳ моҳ гузашт ва ман писарчаи дӯстрӯяке таваллуд кардам, ки мисли себи дукафон ба падараш монанд буд. Тавлиди ин тифл тамоми аҳли оиларо хурсанд кард, ба ҷуз ду нафар-модаршӯй ва хоҳаршӯям. Хусурам набераашро рӯйи даст бардошта, гаштаю баргашта, Худоро шукр мегуфт, ки ба писари ӯ чунин писарчаи солиму зеборо насиб дидааст.

Шабу рӯз Худоро зорӣ мекардам, ки ба апаи шавҳарам фарзанд диҳад, шояд баъди кӯдакдор шудани духтараш хушдоманам меҳрубонтар мешавад. Худованд оҳи диламро шунид ва ҳанӯз чиллаи писарчаи ман набаромада, хоҳаршӯям ҳомиладор шуд. Касе, ки ин хабари хушро шунавад, табассум карда мегуфт:

-Келинатон хушпою қадам буд, кӯдакаш ҳам мисли худаш бо пою қадам будааст, ана дидед, духтаратон ҳомиладор шуд! Худо хоҳад, атрофатон пур аз кӯдак мешаваду рӯзи дароз наберабонӣ карда мешинед...

Модаршӯям даст афшонда, ҷавоб медод:

-Ин гапҳо ҳамааш сафсата ҳастанд, ҳомиладор шудани духтари ман чӣ дахл дорад?

Эҳсос намудам, ки ҳатто модар шудани духтараш хушдоманамро меҳрубон гардонида наметавонад...

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД