shoh palace
РАШКИ ХУШДОМАНУ ШАЙТОНИИ ДОДАРШӮЙ МАРО ХОНАВАЙРОН КАРД
4328


Ман ҳаёти пур аз мушаққатро паси сар карда истодаам. Барои пеши роҳи душмании хуштоман ва додаршӯямро гирифтан дигар ягон чора наёфта, маҷбур шудам, ки қалам ба даст гирифта, рӯзҳои сахти аз сар гузаронидаамро рӯйи қоғаз оварам.

Мо замони донишҷӯӣ дар донишгоҳ шинос шудам. Он вақт ман нав ба синни 20-солагӣ қадам ниҳода будам, Муҳиб бошад 22-сола буд. Аввалҳо ман ба ин ҷавони айнигӣ чандон эътибор намедодам, аммо Муҳиб мисли Маҷнун аз пасам кашола шуда, оқибат диламро ба даст овард ва мо паймони муҳаббат бастем. Мани сода ба қавлу қасамаш бовар карда, девонавор дӯсташ доштам ва ба не6ю нестони волидонам нигоҳ накарда, баъди хатми донишгоҳ риштаи тақдирамро бо Муҳиб пайвастам.

Волидони шавҳарам ба издивоҷи мо розӣ набудаанд ва ба хотири он ки фотиҳа вайрон шавад, ҳамагӣ 5 ҳазор сомонӣ оварданд, аммо мани дар ишқи Муҳиб ба мисли Лайлӣ волаву шайдо гашта “хушбахтӣ дар пул нест” гӯён, падару бардаронамро маҷбур кардам, ки тамоми харҷу хароҷоти тӯйро ба зимаи худ бигиранд. Ростӣ, гумон дштам, ки барои чунин фидокориҳо Муҳиб маро рӯйи даст бардошта мегардад, аммо...

Рашки хушдоман
Хулоса, соли 2015 туй шуда ба ноҳияи Айнӣ рафтам ва ҳамагӣ 20-рӯз дар хонаи хушдоман зиндагӣ карда, ҳамроҳи шавҳарам ба пойтахт баргаштам. Падаршӯям дар шаҳри Душанбе хона дошт ва мо ин ҷо зиндагӣ мекардем, вале хушдоманам аз мо дур зиндагӣ кунад ҳам, мудом заҳрашро чаконда меистод. Шавҳарам маро дӯст медошт, ҳамин муҳаббати писараш рашки хушдоманамро меовард ва мехост бо кадом роҳе, ки набошад, моро аз ҳам ҷудо созанд. Сарфи назар аз он ки фасли зимистон аст ё тобистон модаршӯям аз ҳамон ноҳияи дурдасти Айнӣ ба шаҳри Душанбе меомад ва ба тамоми кору борам эрод гирифта, кӯшиш мекард, ки маро дар назди шавҳарам аз ангишт ҳам сиёҳтар созад.

Додаршӯй не, балои ҷон
Додари шавҳарам донишҷӯ буд ва бо мо дар пойтахт зиндагӣ мекард. Аслан писарон ба кору бори занона чандон аҳамият намедиҳанд, вале додаршӯйи ман аз занҳои шайтон монданӣ надошт. Ростӣ намедонам, ки рашк мебурд ё чизи дигар, вале ҳар қадаре, ки ману акааш бо ҳам меҳрубон шавем, ҳамон андоза ин бача “девона” мешуд ва борони қаҳру ғазабашро ба сари ман мерехт. Ҳар саҳар барои шавҳарам ва додаршӯям субҳона тайёр мекардам ва либосҳояшонро дарзмол карда онҳро ба кор гусел менамудаму аз паси рубичини хона ва пухтани таом мешудам. Додаршӯям соатҳои 11 аз донишгоҳ бармегашт ва қасдан бо пойҳои пур аз лою хок вориди хона гашта, ҳама ҷоро ифлос мекард, вале ман дандон ба дандон монда, чизе намегуфтам. Барои он ки маро ба ғазаб орад, додаршӯям либосҳои ману фарзандонамро аз даруни чевон гирифта ба замин мепартофт, аммо ин корашро ҳам нодида гирифта, хомӯшона дубора ҳама чизро ҷо ба ҷо мекардам. Додаршӯям аз пурсабрии ман бештар оташин гашта, нақшахои нав ба нав мекашид...

Дашноми писару пуштибонии модар
Як пагохирӯзӣ додаршӯям ба дарс рафта, ним соат пас баргаштааст. Ман, ки дар ошхона машғули пухтупаз будам, садои тақ-тақи дарро нашунидаам. Як вақт шавҳарам занг зада гуфт, ки бародараш дар пушти дар аст, дарро боз кунам. Осемасар ҷониби долон давида дарро боз кардам. Аз қошу қавоқи додаршӯям барфу борон мерехт. Узрхоҳона гуфтам:
- Бубахшед, садои дарро нашунидаам.
-Додаршуям ба овози баланд маро дашномҳои бисёр қабеҳ дода гуфт: -Мурғи ҳаром дар...... ту карӣ, ки садои дарро намефаҳмӣ...
Чашмонам ҳавзи об шуданд ва “ташаккур” гуфта ба ошхона баргаштам.
Бегоҳ шавҳарам аз кор баргашту додараш ба ҷойи узрхоҳӣ моро ҷанг андохт...
Ҳамин тавр зиндагии мо рӯз то рӯз талхтар шудан мегирифт. Додаршуям дар набудани акааш ба кандинсионер ва телевизор код мемонд,то ки ману ҷиянаш тамошо накунем. Бо тифли хурдакак рӯзи дароз аз хунукӣ дарақ-дарақ ларзида мешиштам. Худо накарда, ягон чиз гӯям, додаршӯям “ин хонаро очат нахаридай, ки ин қадар дағдаға кунӣ, даъф шав аз хонаи мо” гӯён, қиёматро қоим мекард. Намедонистам, ки додамро ба кӣ гӯям, чунки шавҳарам ҳамеша тарафи модару додарашро мегирифт ва пайванднаш ноҳақ бошанд ҳам, маро зери мушту лагад мегирифт, ки ту наздикони маро ҳурмату эҳтиром намекунӣ.

Гунаҳкори бе гуноҳ

Бадгӯиҳои додаршӯям ба модараш таъсир карда, хушдоманам маро аз бало ҳам бадтар медидагӣ шуд. Вай аз таги нохун чирк кофта, мудом ба ҳама кору бори ман эрод мегирифт ва заҳри забон зада меистод. Хушдоманам бо ин рафтораш мехост исбот намояд, ки дар ин хона вай маликаю ман танҳо як хизматгор ҳастам. Суханони модаршӯям мисли ханҷар ба дилам халанд ҳам, гапгардонӣ намекардам, то ки зиндагиам вайрон нашавад. Хушдоманам чун дид, ки бо ин роҳ маро аз дар берун карда наметавонад, ҳиллаи навро сар кард. Акнун ин зани умраш ба ҷое расида, тез-тез падару модарамро даъват мекард ва маро дар назди онҳо сиёҳ мекард. Волидонам ба гапҳои дурӯғи модаршӯям бовар карда, маро сарзаниш менамуданд ва таъкид мекарданд, ки ҳурмату эҳтироми аҳли оилаи шавҳарамро ба ҷо оварда, зиндагиамро маҳкам дорам, вале...

Ҷодугар
Хушдоманам барои ману шавҳарамро ҷудо кардан хеле талош намуда бошад ҳам, бо тӯҳмату бадгӯӣ оилаи моро вайрон карда натавонист. Модарро наздиктарин дӯсти фарзанд мегӯянд, вале модаршӯйи ман чун дид, ки писараш талоқи маро доданӣ нест, ба сеҳру ҷоду гузашт. Пас аз тавлиди духтарчаам хушдоманам ҳар ҳафта бо ягон баҳона аз муллоҳои номдор тӯмор меовард ва таъкид мекард, ки дар қабати кӯрпаву болин гузорам. Ин зани маккора ҳамрҳи тӯмор албатта намак, чой, қанд ва дигар хӯрданиҳои дуохонӣ карда шударо оварда, талаб менамуд, ки он хӯрданиҳоро ба чойники чой ва деги хӯрок андозам. Азбаски дар хонаи мо касе ба сеҳру ҷоду боварӣ надошт, мани сода бехабар аз оқибати чунин корҳо бе гуфтагӯ фармудаҳои модаршӯямро иҷро мекардам.
Оҳиста-оҳиста муносибати шавҳарам бо ман бад шудан гирифт. Акнун падари фарзандонам на ба ман ягон зарра меҳру муҳаббат дошт ва на ба кӯдаконаш. Кор ба ҷое расид, ки шавҳарам маро аз рона мерондагӣ шуд. Вай ошкоро мегуфт, ки модараш барояш арӯси ҷавону зебо ёфтааст, сағераҳоямро гирифта аз хона баромада равам. Зриву тавалло мекардам, ки ин гапҳоро дигар ба забон наорад, чунки мо аллакай соҳиби ду фарзанд ҳастем. Дар ҷавб шавҳарам ба сарам дод зада мегуфт:
-Ҳей беномус, сад бор гуфтам, ки дар назарам ранги аҷина метобӣ. Тезтар кӯдакота гирифта аз назарам даъф шав! Дили ман зани ҷавон мехоҳад, мефаҳмӣ зани ҷавон! Модарам барои ман як духтари очаш мӯчӣ накардагиро ёфта мондааст. Ҳамин рӯз ту аз хона баромада равӣ, пагоҳ ман зани нав мегирам...
Барои он ки ду фарзандам бе падар нашаванд, заҳри таҳқир ва озори шавҳар, додаршӯй ва модаршӯямро хомӯшона фурӯ мебурдам, вале дарахти сабри ман меваи ширин ба бор наовард. Сеҳру ҷодугарии хушдоманам оқибат ба сари илаи мо об рехт ва бо амри модараш шавҳарам талоқи маро дод.
Маҷбур шудам, ки ба суди ноҳияи Фирдавсӣ мурочиат намоям. Кормандони суд моро оштӣ дорондан хостанд, вале модаршӯям ду пяшро ба як мӯза андохта, талаб кард, ки никоҳи моро ҳарчи тезтар ҷудо кунанд.
Ҳамин тариқ мо расман ҷудо шудем ва суд барои кӯдаконам алимент ҷудо кард. Хушдомани шаттоҳам дар сари суд “ҳамин алимент сари сағераҳоятро хӯрад” гӯён, фарзандони маро дуоҳои бад кард.
Он рӯз барои ман сахттарин рӯзи зиндагӣ буд. Гумон мекардам, ки бо ҳамин зиндагӣ барои ман ба анҷом расид, вале одамизод ҳиста-оҳиста ба ҳама чиз одат мекардааст.
Бо гузашти ду сол ман ғаму ғуссаи худро фармӯш карда, аз нав ба зиндагӣ дилгарм шудам. Ҳоло дар як идораи бонуфуз кор мекунам. Шавҳарам аз карда пушаймн шудааст ва акнун мисли соя аз пасам гашта, зориву илтиҷо мекунад, ки аз гуноҳаш гузарам. Вай мехоҳад, ки дубора никоҳ карда, зиндагиро идома диҳем.
Ростӣ, байни дуроҳаи тақдир монда, чӣ кор карданамро намедонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, бо шавҳарам оштӣ шавам ё дигар ба ин ҷавони беандеша, ки ба васвасаи наздиконаш дода шуда, бе ягон сабаб ману фарзандонамро аз дар берун намуд, шанс надиҳам?
Рӯъё

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД