Равғани аз зираи сиёҳ (чёрный тмин) омодашуда аз моддаҳои ғизобахш иборат буда, мӯйро қувват мебахшад ва рехтанашро бозмедорад. Ин равғанро аз дорухонаҳо дастрас кардан мумкин аст.
Мабодо мӯйи саратон бо шиддат мерехта бошад, равғани зираи сиёҳро боэҳтиёт ва ба миқдори кам истифода баред. Метавонед барои бештар гаштани таъсири табобатиаш равғани зираи сиёҳро дар як рӯз 3 маротиба якқошуқчагӣ 10-15 дақиқа пеш аз хӯрок истеъмол намоед. Табобатро аз 4 то 6 ҳафта давом дода, дар байн танаффус намудан лозим аст.
Одатан ин равған хеле кам аллергия медиҳад, вале ба ҳар сурат мо ба касоне, ки бори аввал онро истифода мебаранд, тавсия медиҳем, ки қаблан каме равғани зираи сиёҳро ба пушти гӯшашон моланд. Агар дар давоми 24 соат пӯстатон сурх шуда ба сӯзиш надарояд, метавонед бо дили пур равғанро ба мӯятон молед.
Занҳои ҳомила ва кӯдаки ширмак дошта бояд аз истифода бурдани ин равған худдорӣ намоянд.