goodwell
"Регар-ТадАЗ" бо 4 бозигар хайрухуш кард
08.07.2026
Oila.tj
105

Дар Чемпионати Тоҷикистон-2026 равзанаи гузариши тобистона оғоз гардидааст ва то 29-уми июл идома меёбад. Дар ин муддат дастаҳо метавонанд бозигарони навро ба қайд гирифта, ба ҳайати худ шомил намоянд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш, дастаи "Регар-ТадАЗ" пас аз анҷоми шартномаи ҳамкорӣ бо 4 бозигар - Саидмухтор Азимов, Фирӯз Бобиев, Давид Атсам ва Абоммо Нголло видоъ кардааст.

Бо розигии ду тараф байни дастаи "Регар-ТадАЗ" ва ниммуҳофизатгар Саидмухтор Азимов қарордоди ҳамкорӣ қатъ карда шудааст. Азимов давоми ду соли охир шарафаи тими шаҳри Турсунзодаро ҳимоя мекард ва ҳоло ҳамчун бозигари озод ба дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе гузариш кард.

Ҳамчунин, бо мувофиқаи ду ҷониб байни дастаи “Регар-ТадАЗ” ва ниммуҳофизатгар Фирӯз Бобиев қарордоди ҳамкорӣ қатъ карда шудааст. Бобиев давоми чор соли охир дар ҳайати “металлургчиён” бозӣ карда, ҷоизаҳои арзишманд, аз қабили Ҷоми ФФТ ва Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Ниммуҳофизатгар Давид Атсам низ бо анҷоми қарордоди ҳамкорӣ бо “Регар-ТадАЗ” видоъ кард. Давид Атсам тӯли тақрибан якуним соли охир дар ҳайати тими шаҳри Турсунзода бозӣ карда, барандаи Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон гардидааст.

Инчунин, баъди ба анҷом расидани муҳлати қарордод, ҳамлагар Абоммо Нголло ҳамчун футболбози озод тарки “Регар-ТадАЗ” намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД