Commerc banl
Роналду Арабистони Саудиро тарк накардааст
05.03.2026
Oila.tj
88

Рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар додааст, ки овозаҳо дар бораи тарки Арабистонӣ Саудӣ кардани ҳамлагари дастаи “Ал-Наср” Криштиану Роналду беасосанданд ва воқеият надоранд.

“Хабарҳое, ки расонаҳои байналмилалӣ паҳн карданд дар бораи он ки Криштиану Роналду гӯё ҳамроҳи оилааш Арабистони Саудиро тарк кардааст, дуруст нестанд. Ин овоза аст, зеро Криштиану ҳоло баъд аз мушкилоте, ки дар бозии охир дошт, дар пойгоҳи тамринии “Ал-Наср” табобат мегирад. Ӯ барои бозгашт ба Мадрид тарки Арабистони Саудӣ накардааст”,- навиштааст Фабритсио Романо.

Қаблан бархе расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки футболбози 41-солаи португалӣ бинобар вазъи ноором дар Ховари Миёна бо хонаводааш бо ҳавопаймои хусусӣ Арабистони Саудиро тарк карда, ба шаҳри Мадриди Испания рафтааст. Аммо ин хабарҳо расман рад шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД