Бо сабаби аз 75 сомонӣ то ба 78 сомонӣ боло рафтани нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 1-уми январи соли 2026 дар Тоҷикистон маблағи боҷӣ давлатӣ, андоз ва ҷарима зиёд шуд. Мехоҳед донед, ки акнун ронандагон барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаркат дар роҳ чӣ қадар ҷарима мепардозанд? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!
Ронандагоне, ки бидуни иҷозатнома шишаҳои мошинашонро сиёҳ мекунанд, ҳангоми аз ҷониби кормандони бозрасии давлатии атомобилӣ бо мошини сиёҳшиша боздошт шудан 11 700 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.
Барои дар ҳолати мастӣ идора кардани мошин ба ҷойи 22 500 сомонии соли 2025 дар соли 2026 ронандагон 23 400 сомонӣ ҷарима месупоранд.
Барои дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани мошин бошад, ронандагон ба ҷойи 30 000 акнун 31 200 сомонӣ ҷарима пардохт менамоянд.
Барои ташкил кардани пойгаи мошинҳо ва иштирок дар он дар соли 2026 ронандагон 31 200 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.
Ронандагоне, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ ҳолати садамавиро ба вуҷуд меоранд, 390 сомонӣ ҷарима баста мешаванд. Агар ронанда ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуда, макони садамаро худсарона тарк намояд, 546 сомонӣ ҷарима месупорад.
Барои бидуни рақами қайди давлатӣ идора кардани мошин 390 сомонӣ, барои ҳуҷҷати муоинаи техникӣ - “Техосмотр” надоштани мошин 234 сомонӣ, итоат накардан ба чароғаки раҳнамо 390 сомонӣ ва нигоҳ доштани мошин дар ҷойҳои мамнуъ 546 сомонӣ ҷарима супурдан лозим меояд.